​Мулоқот: Ҷавонон ва хатарҳои ҷаҳони муосир

Дар факултети таърих ва ҳуқуқ доир ба пешгирии шомилшавии ҷавонон ба падидаҳои номатлуби замони муосир, ташкилотҳои экстремистиву террористӣ вохӯрии устодону донишҷӯёни факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо намояндагони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ баргузор гардид.

Нахуст, Раззоқзода Абдураззоқ Саттор - муовини сардори шуъбаи мубориза бар зидди экстремизм ва терроризм ба сухан баромада, аз ҳадаф ва мароми вохӯри ёдовар шуд. Мавсуф зикр дошт, ки ҷавонон такягоҳи боэътимоди давлату ҳукумат маҳсуб ёфта, дар ҳифзи арзишҳои миллӣ, таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва мубориза алайҳи гурӯҳҳои ифротӣ ҳамеша фаъол бошанд. Мавсуф қайд намуд, ки хатарҳои ҷаҳони муосир ва ҳаракатҳои номатлуб таъсири манфиашонро ба тамоми манотиқи ҷаҳон расинида истодаанд ва ин аз мо тақозо менамояд, ки зиракии сиёсиро аз даст надода, алайҳи падидаҳои номатлуб дар муборизаи беамон бошем.

Сипас, Абдуҳамид Ғаниев - мутахассиси шуъбаи амнияти иттилоотии шуъбаи мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил дар вилояти Суғд дар доираи масъалаҳои болозикр суханронӣ намуда, таъкид дошт, ки таваҷҷӯҳу ғамхорӣ ва ҳидоятҳои Пешвои миллат нисбати ҷавонони кишвар моро водор месозад, ки пайваста илмҳои замонаро аз худ намуда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои манфӣ, тарбияи ахлоқии ҷавонон, ҳифзи марзу буми кишвар ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳмгузор бошем.

Дар интиҳо донишҷӯён ба музокира баромада, иброз доштанд, ки баҳри татбиқи босамари сиёсати ҷавонпарварона ва хирадгароёнаи Пешвои миллат кӯшишу талош намуда, дар рушду нумӯи кишвари азизамон саҳми арзишманди худро хоҳанд гузошт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ