Мубориза бо зуҳуроти номатлуб

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо дар баромаду мулоқотҳои хеш ҳам дар дохили кишвар ва ҳам дар хориҷи кишвар зикр намуданд: “Терроризм ватан, забон, нажод ва дин надорад. Ин бадбахтии оламшумуле мебошад, ки ба муқобили он тамоми сохторҳои давлатӣ, маҳаллӣ ва ҷамъиятӣ бояд якҷоя мубориза бурда, фаолиятро бо ҳамдигар мувофиқа намоянд”[1]. Аз ин рӯ мубориза алайҳи ин раванди номатлуб кори ҳамагон ва дастаҷамона мебошад. Танҳо бо ҳамин роҳ метавонем ҷомеаро солим нигоҳ дорем.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҷомеаи ҷаҳон барои бартараф намудани ин падидаи ташвишовари замон ҳамеша ҳамкори намуда, барои солим нигоҳ доштани ҷомеа аз ҳар гуна таҳдидҳо, хатарҳо ва идеологияҳои носолим доим дар мубориза мебошад. Бо чунин низом ва ҳамгироӣ ҷомеаи ҷаҳон метавонад аз ин вабои аср мубориза барад ва дар баробари он ҷомеаи солимро бунёд гузорад. Аз ин рӯ дастаҷамъона мубориза бурдан аз манфиат холӣ набуда, барои созмон додани ҷомеаи мутамаддини башардӯст ва сулҳу суботро дар тамоми ҷоҳон нигоҳ доштан метавонем. Аз дигар тараф ин ҳамгироӣ метавонад ҷоеаи инсониро бо тамоми равандҳову муносибатҳояш рушда равнақ дода, ба ҳадафҳои минбаъдаи наслпарвари худ бирасад. Аз ин хотир ҳамгирои ягона роҳи пешбурди ҷомеа буда, созмондиҳандаи сулҳу субот, идеологияи солим, ҷомеаи солим, насли солим ва дӯстиву рафоқатро ба миён меоварад.

Ба қадри оромиву осоиштагӣ, осмони софу мусаффо, якдилию дӯстӣ, адолату меҳрубонӣ, қадамҳои устувори рушд, бахту саодат ва ватани азизи худ бояд, ки расем ва ҳамеша ин ва дигар арзишҳои олии ҷомеаи Тоҷикистонро арҷу эъзоз намоем. Бигзор Тоҷикистон ватани азизи мо то олам бошад, зиндаву ҷовидон бимонад.

Терроризм худ падидаи номатлуби ҷомеаи навин буда, фаҳмиши он дар содир кардани ҷиноятҳои вазнин, аз қабили қатлу куштори инсон, гаравгон гирифтани одамон, тарконидани иншоотҳои гуногуни истеҳсолӣ ва майшиву фароғатӣ, рабудани воситаҳои гуногуни нақлиётӣ ва амсоли инҳо дониста мешавад.

Экстремизм бошад, хислати ҷудоихоҳӣ, ифротгароӣ ва иғвоангезиро доро буда бо терроризм алоқаи ногусастанӣ дорад. Бо тарзи дигар мақсад ва оқибати экстремизм ин терроризм аст. Вале дар умум чунин баҳогузорӣ мебояд намуд, ки ҳарду ба истилоҳ комилан хатари калони парокандагиву бесарусомониро доро буда, оқибати басо нанговар доранд.

Бояд тазаккур дод, ки ҳаракатҳои террористӣ дар миқёси олам гуногун буда онҳоро асосан ду унсури умумӣ бо ҳам муттаҳид мекунад: аввалан онҳо барои халалдор сохтани амнияти ҷамъиятӣ ва суст намудани пояҳои ҳокимияти давлатӣ равона гардида ва дигар ин, ки ҳаракатҳо дар байни аҳолӣ ҳиссиёти тарс, оҷизиро ба вуҷуд меоваранд.

Паёмади амалҳои тундгароӣ, ифротгароӣ ва террористӣ бе шубҳа на ба манфиати башарият ва на баманфиати халқҳои мусулмони дунё мебошад. Ҳисороти моддию маънавӣ дар натиҷаи содир намудани амалҳои терроистӣ низ бе ҳисоб аст.

То имрӯз аз ҷониби донишмандони соҳаҳои мухталифӣ илмӣ як қатор сабабу омилҳои таъсирпазирӣ, пайдоиш ва зӯҳури ин падидаҳои номатлуб (экстремизм ва терроризм) дар кишварҳои ҷаҳон мавриди таҳқиқ ва омӯзиш қарор гирифта истодааст. Қисме аз олимон пайдоиш ва нузули чунин амалҳои манфии ҷомеаи ҷаҳониро, пеш аз ҳама ба ҷанбаҳои иҷтимоии аҳолӣ дар кишварҳо вобаста медонанд.

Қисми дигар бошад, зуҳури чунин падидаҳоро ба ихтилофоти сиёсии байни давлатӣ алоқаманд мешуморанд. Дар ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон ҳар як шахси ба ин гурӯҳҳо ва ҳаракатҳо пайвастшаванда, ақидаи гурӯҳи аввали олимони ҷомеашинос мувофиқ меояд, чунки аз ҷанбаҳои иҷтимоӣ дар зиндагӣ ва сатҳи нопурраи тафаккури маънавӣ, ба ин роҳ шахсро водор месозад.

Чуноне, ки сарвари давлат, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳи баландӣ созмонҳои бонӯфузи байналмилалӣ пайваста иброз медоранд, «терроризм ба ягон дин, мазҳаб ё миллат хос нест, яъне террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад», гувоҳӣ он аст, ки ин амалҳои номатлуб рабте ба ягон дин ва аҳкоми он надоранд.

Аз ин рӯ, аз ҳар як фарди соҳибшуур ва бомаърифати ҷомеа, махсусан ҷавоноро, ки қисми асосии ҷамъиятро ташкил медиҳанд, месазад ба ин афгори барғалатӣ чеҳраҳои сиёсии ноаён фирефта нашаванд, дар ҷустуҷӯӣ омӯзиш, ғанигардонии маърифати ахлоқӣ, ҳуқӯкӣ ва сиёсии хеш бошанд, то дар таҳкими суботи комили сиёсии Тоҷикистони азиз поягузор бошанд. Чунки суботу амнияти Тоҷикистон, устувории ҷойгоҳи Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ ва амнияту осудагии марзҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар яки мо арзиши муҳим ва калидӣ дорад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар радифи дигар кишварҳои ҷаҳон бо ин зуҳуроти номатлуб мубориза бурда, талош менамояд, ки аз пайомади ногувори ин гуна амалҳо ҷилавгирӣ намояд. Вобаста ба ин ва баҳри тадбиқи сиёсати давлатӣ дар ин самт, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат як қатор санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ва зерқонунӣ қабул ва мавриди амал қарор дода шудаанд. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди терроризм» (соли 1999), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муқовимат ба экстремизм» (соли 2020), Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тадбирҳои пурзур кардани мубориза бо терроризм аз 21 апрели соли 1997, Барномаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пурзур намудани мубориза бар зидди терроризм дар солҳои 2000- 2003, Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016- 2020, Консепсияи ягонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм (ифротгароӣ), Конвенсияи Шанхай дар бораи мубориза бо терроризм ва Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 қабул гардиданд, ки барои муборизаи оштинопазир бурдан бо чунин зуҳуроти номатлуб мусоидат намудаанд ва тадбирҳои иловагӣ роҳандозӣ гардида истодаанд.

Бо назардошти рушди соҳаи маориф ва ба ин васила нигоҳ доштани амнияти давлат аз ҷонибини Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корҳои басо муҳим ва саривақтӣ ба сомон расонида шудаанд. Агар барои мисол танҳо фаъолияти сарвари давлатро аз 6-уми ноябри соли 2006 то 31уми декабри соли 2007 гирем, 6-уми ноябри соли 2006 дар ҷумҳурӣ марҳилаи нави таърихӣ оғоз ёфта метавон марҳилаи раҳнаи монеаҳои бузург ва оғози фатҳи қуллаҳои нав номид. Агар ба ақидаи олими шинохта Карл Маркс назар афканем, рушди ҷомеаро ӯ бо рушди иқтисодиёт рабт медонад. Пешвои миллат бо сиёсати хирадмандони худ маҳз барои рушди иқтисодиёти мамлакат ва қонеъ кардани таълаботи иқтисодии аъзоёни ҷамъият фаъолияти пурсамар доранд. Ин аст, ки дар марҳилаи танҳо аз6-уми ноябри соли 2006 то 31-уми декабри соли 2007 маблағҳои Буҷети иловагӣ ба соҳаҳои афзалиятноки ҷумҳурӣ ба таври зерин тақсим карда шудаанд:

‑маориф 45 миллиону 700 ҳазор сомонӣ (16,8%);

‑тандурустӣ 11 миллиону 400 ҳазор сомонӣ (4,2%);

‑ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ 40 миллиону 300 ҳазор сомонӣ (15%);

‑фарҳанг ва варзиш 20 миллион сомонӣ (7,4%);

‑кишоварзӣ 8 миллион сомонӣ (3%) [7, Саҳ.197]

Нишондиҳандаҳои дар боло зикр шуда, сол то сол зиёд гардидаистодаанд, ки қадами устувор барои пешравти ҷомеа аст. Дар муқоиса бо дигар соҳаҳо маълум аст, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола ба соҳаи маориф таваҷҷӯҳи аввалиндараҷа зоҳир менамоянд. Муаррифи шудани Ҷумҳурии Тоҷикистон бошад дар арсаи ҷаҳони гувоҳи он аст, ки давлат рӯз то рӯз мавқеи худро мустаҳкам намуда, ҷомеа ба ояндаи неки худ боварӣ дорад. Алалхусус, ҷавонон, ки ба неруву тавоноии худ ва бевосита ба сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат боварӣ доранд, аз он шаҳодат медиҳад, ки ба ояндаи ватану миллати худ бетараф нестанд.

Сиёсати созандаи Пешвои миллат дар даврони Истиқлол боис гардид, ки тамоми минотиқи кишвар аз ободкори баҳраманд гарданд. Масалан, танҳо дар соли 2016 дар кишвар корҳои мухталифу созандагӣ рӯи кор омаданд, ки мебоист онро дар таърих ҳамчун идомаи ободкориҳои Пешвои миллат сабт намуд. Бори аввал дар таърихи санаи 29-уми сентябри соли 2016, дар шаҳри Душанбе “Рӯзи кормандони хизмати дипломатӣ” қайд гардида, ифтитоҳи бинои Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ рӯи кор омад. Бояд қайд намуд, ки дар раванди таърихии рушд ва инкишофи Тоҷикистон ба ҳайси давлати соҳибихтиёру мустақил сиёсати хориҷии он нақши мубориз дорад. Бо назардошти он хизматрасонии консулӣ ҳамчун яке аз самтҳои муҳими фаъолияти Вазорати корҳои хориҷӣ вусъат ва густариши беш аз пеш дорад.


Бегалиев Х.С.- муаллими кафедраи

умумидонишгиҳии фалсафа



МАРКАЗИ ИТТИЛООТ