​Муаррифии донишгоҳ барои хатмкунандагон-довталабон

Устодони кафедраҳои молия ва андоз, назарияи иқтисодӣ ва иқтисодиёти ҷаҳони факултети иқтисодӣ бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳри Бӯстон мулоқот намуданд.

Дар доираи ин мулоқот аз ҷониби намояндагони донишгоҳ ба довталабон доир ба равандҳои фаъолияти донишгоҳ, теъдоди ихтисосҳо ва шароиту имкониятҳои таҳсил маълумот дода шуд.

Ба хатмкунандагон иттилоъ дода шуд, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дорои 8 бинои таълимӣ буда, фаъолияти таълимии он дар 18 факултет ва 85 кафедра ба роҳ монда шудааст.

Зимни мулоқот зикр шуд, ки рамзи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти рақами 109 сабт гардидааст, ки хатмкунандагон бо интихоби ихтисосҳо ба гирифтани унвони донишҷӯӣ сазовор гашта, дар оянда баҳри пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи кишвар саҳм мегузоранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ