​“Муаллими сол-2023”: идомаи дарсҳои кушоди довталабон

Дар доираи озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол-2023” ин навбат дарси кушод аз ҷониби довталабон аз факултети таърих ва ҳуқуқ ва тарбияи ҷисмонӣ доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мавзуи “Ҳуқуқи ҷиноятӣ” аз ҷониби муаллими калони кафедраи ҳуқуқшиносӣ Шарипова Мадина аз фанни “Ҳуқуқ аз рӯи ихтисос” барои донишҷӯёни курси 1 шарҳ дода шуд.

Дар доираи дарс ба мафҳуми ҷиноят, ҷазо, гуноҳ ва ҷавобгарии ҷиноятӣ равшанӣ дода шуда, тасаввуроти донишҷӯён оид ба ҷиноят, ҷавобгарӣ барои кирдори содиркарда, ҷазо ва тартиби татбиқи он ташаккул дода шуд.

Ҳадаф аз дарси мазкур баланд бардоштани дониши ҳуқуқӣ ва маданияти ҳуқуқии донишҷӯн унвон шуд.

Дар факултети «Тарбияи ҷисмонӣ» дарси кушоди сармуаллимаи кафедраи варзиш ва методикаи таълими тарбияи ҷисмонӣ Қосимова ба роҳ монда шуд.

Мавзуи ин дарс «Муҷаҳҳаз намудани ҷойҳои гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ” унвон шуд.

Дар дарс омӯзгорон аз усулҳои фаъоли таълим истифода намуда, воситаҳои муосири техникӣ ба кор бурда шуд, ки самаранокии дарсро таъмин намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ