​«Муаллими сол»: 18 нафар ба даври сеюм роҳ ёфтанд

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров даври сеюми озмуни донишгоҳии “Муаллими сол” оғоз гардид. Ба ин муносибат дар толори раёсати донишгоҳ бо иштироки ҳайати гурӯҳи корӣ ва довталабон ҷаласаи ифтитоҳӣ доир шуд.

Муовини ректор оид ба корҳои таълим, профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ дар бораи ҳадаф ва шартҳои озмун сухан намуда, таъкид дошт, ки бо фармоиши ректори донишгоҳ гуруҳи корӣ дар ҳайати 17 нафар профессорону дотсентон ва устодони соҳибтаҷрибаи донишгоҳ таъсис ёфтааст.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври дуюми озмун 74 нафар иштирок намуда, аз ин теъдод ба даври сеюм 18 нафар роҳ ёфтаанд.

Маврид ба таъкид аст, ки дар озмун ба маҳорати методӣ ва педагогӣ – психологии омӯзгор, мақсадгузорӣ, вазифаҳои дарс (мавзуъ) ва ноил гаштан баонҳо, муносибати эҷодкоронаи омӯзгор дар ҷараёни дарс, арзиши тарбиявии дарсвасатҳи самарабахшии он таваҷҷуҳ зоҳир мегардад.

Истифодаи самараноки методҳои гуногуни таълим,технологияи муосир (тахтаи электронӣ, проектор),усулњои фаъоли таълимванавгонињо дар сохтори дарс, мавқеи шахсии омӯзгор дар раванди дарс ва маданияти муошират бо донишҷӯён, иштироки фаъолонаи донишҷӯён дар ҷараёни ҳаллу фасли мавзӯи нав, ҳамчунин бастаи маводи таълимӣ – методӣ (силлабус, КТМ, супоришҳои КМРО ва КМД), дастуру мақолаҳои таълимӣ – методие, ки аз тарафи омӯзгор дар соли таҳсили 2022 -2023 нашр гардидаанд, аз ҷониби гуруҳи корӣ мавриди тафтиш ва баҳогузорӣ қарор мегирад.

Хотиррасон менамоем, ки шуруъ аз санаи 2 май то 26 майи соли 2023 аз ҷониби гуруҳи корӣиштирок дар дарси довталабон сурат гирифта, даври сеюми озмуни умумидонишгоҳии “Муаллими сол - 2023”30 –юми май ҷамъбаст мегардад.

Ғолибон бо диплом ва мукофоти раёсати донишгоҳ қадр хоҳанд шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ