​Мо - пайравони Пешвои миллат

Таҳти ин унвон бо ташабуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии информатика дар толори хобгоҳи №1 чорабинӣ баргузор шуд.

Ба ин ташаббус донишҷӯёни факултети санъати технология ва дизайн ҷалб гардиданд.

Таъкид гардид, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳанўз дар рўзҳое, киТоҷикистон дар гирдоби кашмакашҳои дохилӣ буд, ҳамчун роҳбари хирадманду дурандеш на фақат дар фикри нуқта гузоштан ба ҷанги бародаркуш ва истиқрори сулҳ дар кишвар буданд, балки тақдири ояндаи миллатро ҳам дар назар доштанд ва яқинан медонистанд, ки маҳз ҷавонони баору нанги даврони истиқлол ояндаи дурахшони ин миллату давлатро дар даст хоҳанд дошт.

“Пешвои миллат дар ҳар суханронӣ ва Паём бо дили пур ва боварии комил ҷавонони даврони истиқлолро ифтихори миллату давлат мешуморанд, ки ин бахти баланди ҷавонони хушбахт аст. Аз ҷумла, ҷавононро қувваи бузург ва ояндаи давлат унвон намуда, таъкид доштаанд, ки ягон масъалаи умдаи зиндагиро бе иштирок ва назардошти манфиати онҳо пеш бурдан номумкин аст» - зикр шуд дар чорабинӣ.

Баъд аз ироаи маърӯзаҳо барномаи фарҳангӣ манзур гардид, ки ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо сохт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ