​Мо - ҳимоятгари Ватан

Таҳти ин ном бо ташаббуси таҷрибаомӯзони факултети геоэкология ва туризм дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №12 чорабинӣ ба роҳ монда шуд.

Ин иқдом ба муносибати 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳандозӣ гардид.

Дар доираи чорабинӣ аз ҷониби хонандагон дар бораи таърихи таъсис ва ташаккули Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон маълумот дода шуд.

Қироати шеър, тараннуми таронаҳо ва суруд дар васфи Ватан дар иҷрои хонандагон ба чорабинӣ мазмуни бештар эҳдо намуд.

Иттилоъ дода шуд, ки раванди таҷрибаомӯзии донишҷӯён таҳти роҳбарии сармуаллима Ҳайдарова Мавзуна ва муаллима Ашӯрова идома дошта, дар самти таъмини сифати баланди таҷрибаомӯзӣ чораҳои зарурӣ роҳандозӣ мешавад.

Ҳадаф аз чорабинии мазкур дар сатҳи арзанда таҷлил намудани Рӯзи таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва таҳкими ҳисси ватандӯстиву худшиносии наврасону ҷавонон унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ