​МО ДАР ВАО: Дар Хуҷанд вобаста ба масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ конференсияи байналмилалӣ доир шуд

ДУШАНБЕ, 20.11.2023 /АМИТ «Ховар»/. 17 ноябр бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони «Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, доираи васеи олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Донишгоҳи давлатии Хуҷанд хабар медиҳад.

Дар конференсия дар бораи яке аз чеҳраҳои намоёни адабиётшиносии муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, шодравон Абдулманнони Насриддин, ки фаъолияти асосии босамари илмиву таҳқиқотии ӯ дар замони соҳибистиқлолӣ буд, сухан гуфта шуд. Иброз гардид, ки ба заҳматҳои ин гуна шахсиятҳои намоёни илм Ҳукумати ҷумҳурӣ ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

Пешвои миллат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро дар соли аввали таъсисаш ба ин олими соҳибмактаб сазовор донистанд.

Мактаби илмии шодравон Абдулманнони Насриддин дар таҳқиқ ва пажуҳиши илми адабиётшиносӣ шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад. Доманаи тадқиқоти ӯ густурда буда, омӯзиши масоили матншиносии осори адабӣ, таърихи адабиёти тоҷик, фарҳангу луғатшиносӣ, тазкиранигорӣ, тадқиқи ҳавзаи адабии Хуҷанди бостонӣ, таълиму тадриси фанҳои марбут ба филология ва дигар соҳаҳои илму маърифатро фаро мегирад. Хизматҳои профессор Абдулманнони Насриддин дар такомули илму маориф, тарбия ва омода намудани кадрҳои болаёқати илмиву педагогӣ, саҳми шоиста дар омӯзишу пажуҳиши таърихи адабиёти тоҷик басе назаррас мебошанд.

Дар конференсия таҳти унвонҳои «Шукуфоии илму фарҳанги тоҷикон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон», «Осори илмии Абдулманнони Насриддин ва масъалаҳои адабиётшиносии муосири тоҷик», «Профессор Абдулманнони Насриддин – чеҳрае мондагор аз Хуҷанд», «Матншиноси соҳибмактаб» аз ҷониби олимони ватанию хориҷӣ маърузаҳои пурмуҳтаво пешниҳод гардиданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ