Мо - ҷавонон зидди коррупсия

Таҳти чунин унвон бахшида ба Рӯзи байналмиллалии мубориза бар зидди коррупсия, дар факултети геоэкология ва туризм ҷиҳати иҷроиши барномаи “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” мизи гирд бо иштироки устодону донишҷӯён доир гардид.

Зимни чорабинӣ ба донишҷӯён оид ба коррупсия ва роҳҳои муқовимат бар зидди он маълумот дода шуд. Зикр шуд, ки коррупсия яке аз зуҳуроти номатлуби ҷомеаи муосир буда, мубориза алайҳи он амали дастаҷамъона маънидод гардид.

Ҳамзамон ба иштирокчиён оид ба “Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030” ва Қонуни ҶТ «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» маълумот дода шуд.

Дар интиҳо миёни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ