​Мизи мудаввар: “Тоҷикон” – оинаи таърих

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн бахшида ба 115-солагии зодрўзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров мизи мудаввар баргузор гардид. Дар кори мизи мудавар номзади илмҳои таърих Юлдошев Рустам ва устодону донишҷӯёни факултет ширкат варзиданд.

Муовини декан оид ба тарбияи факултет Аҳадов Файзулло ба кори конференсия ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки ин иқдом дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати арҷ гузоштан ба хизматҳои таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров доир гардида, ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар шинохт ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи фарзандони сарсупурда ва фидокори миллат саҳмгузор бошем.

Гуфта шуд, ки осори пурарзиши илмии академик Бобоҷон Ғафуров, хосатан китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрўзу оянда аст.

Дар идома дотсент Юлдовев Рустам маърӯза намуда, афзуд, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Зикр шуд, ки асари беназиру арзишмани “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон мегузорад. Дар рафти мизи мудаввар аз тарафи дотсент Юлдошев Рустам дар бораи таърихи ташкил шудани осорхонаи ба номи Бобоҷон Ғафуров маълумот дода шуд.

Иштирокчии озмуни “Тоҷикон дар оинаи таърихи миллат” дотсент Олов Саидмуҳаммад низ баромад намуда, андешаҳои ҷолиб ироа намуд.

Бо табодули афкор ва суолу ҷавоб миёни иштирокчиён мизи мудаввар ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ