​Мизи мудаввар: “Олими пурсамар ва тарбиятгар”

Дар кафедраи электроникаи факултети физикаю техника таҳти унвони “Олими пурсамар ва тарбиятгар” бахшида ба зодрўзи доктори илмҳои физика-математика, профессор Қодиров Абдулаҳад мизи мудаввар доир гардид.

Декани факултет дотсент Қаюмзода Абдумалик мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, доир ба фаъолияти пурсамари соҳибҷашн ибрози назар намуд.

Хидматҳои шоистаи профессор Қодиров Абдулаҳад дар баромади ҳамкорону шогирдон тавсиф ёфтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ