​Мизи мудаввар: “Оила ва ташаккули хусусиятҳои фардӣ”

Дар бинои таълимии №3 бахшида ба ташаббуси Пешвои миллат эълон гардидани соли 2023 ҳамчун соли забони русӣ дар Тоҷикистон мизи мудаввар баргузор гардид.

Ин иқдом ба мавзуи “Оила ва ташаккули хусусиятҳои фардӣ” баргузор гардид.

Мизи мудавварро номзади илмҳои психологӣ Мансурова ҳусни ифтитоҳ намуда, дар бораи мақсад ва моҳияти чорабинӣ маълумот дод.

Қайд гардид, ки ба масъалаҳои муаммоҳоиоила дар давлати мо аҳамият ва диққати хоса гузошта мешавад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки оила ин дар ҳама давру замон муқаддас ва рукни ибтидоиву асосии давлат ҳисобида мешавад. Аз ин рӯ, барпо намудани оилаҳои комилу мустаҳкам вазифаи аҳли ҷомеа ва волидайн мебошад”.

Дар маърузаҳо аз ҷониби омӯзгорон зикр гардид, ки психологон бештари муаммоҳову бӯҳронҳои оилавиро дар муносибату муошират ва тасаввуроту ҷаҳонбинӣ нодурусти аъзоёни оила доир ба бурдани ҳаёти оилавӣ мебинанд. Оиларомуҳаққиқон ба таври гуногун шарҳ медиҳанд. Оила барои тавлиди насли одамӣ, давомияту афзоиши аҳолӣ ва инчунин ташаккули сифатҳоимаънавию психологии насли наврас мусоидат менамояд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ