​Мизи мудаввар: Муқовимат бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои динӣ

Дар хобгоҳи №3 бо иштироки донишҷӯёни гуруҳи 108-уми факултети филологияи тоҷик мизи мудаввар баргузор шуд.

Ин ташаббус таҳти унвони “Муқовимат бар зидди ҳизбу ҳаракатҳои динию ифротӣ яке аз муносибатҳои меҳварии ҳаёти башарият” ба роҳ монда шуд.

Омӯзгори кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ Ҳоҷиева Мунира мизи мудавварро ифтитоҳ бахшида, дар бораи сабабҳои шомилшавии ҷавонон ба гуруҳҳои ифротӣ ибрози назар намуд.

Таъкид гардид, ки шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои терористиву экстремистӣ зуҳуроти номатлуби замона ба ҳисоб рафта, ба фаъолияти ҳокимияти давлатӣ таъсири манфии худро мерасонад.

Гуфта шуд, ки баҳри аз байн бурдани ин падидаҳои номатлуби иҷтимоӣ дар ҷомеа бояд мубориза бурд.

Аз ҷавонон даъват шуд, ки ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд.

Бо табодули афкор миёни донишҷӯён мизи мудаввар анҷом ёфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ