​Мизи мудаввар: "Коррупсия – кирдори номатлуб"

Ин унвони мизи мудаввар буд, ки бо иқдоми кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ доир гардид.

Дар мизи мудаввар донишҷӯёни ихтисоси санъати тасвирӣ ва нақшакашӣ. Технология фаъолона иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки дар доираи ин ташаббус перомуни мавзуи мавриди назар маърӯзаҳо шунида шуда, саҳнаҳои тарбиявӣ ба намоиш гузошта шуданд.

“Коррупсия дар шароити ҳозира монеаи ҷиддӣ дар роҳи рушди иқтисодии кишвар ва пешрафти самаранокии ниҳодҳои бозаргонӣ мебошад. Дар натиҷаи роҳ додан ба корҳои коррупсионӣ муносибатҳои ҷамъиятӣ вайрон гардида оқибатҳои нохушро эҷод месозад.Муаммоҳои коррупсия имрӯз ҷомеаи ҷаҳониро ба ташвиш овардааст. Зеро ба пешрафти иқтисодиёт, татбиқ ва таъмини ҳуқуқӯ озодиҳои инсон ва шаҳрванд, болоравии обрую нуфузи давлат ва низоми сулҳу суббот халали ҷиддӣ ворид сохта, боиси косташавии ахлоқи ҷомеа мегардад” – таъкид рафт зимни мизи мудаввар.

Ҳадаф аз ин иқдом баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии донишҷӯён ва мубориза бо зуҳуроти номатлуби коррупсия маънидод мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ