​Мизи мудаввар: Ҳисси ватандӯстии насли ҷавон дар асарҳои Садриддин Айнӣ

Дар факултети забонҳои шарқ бо ибтикори кафедраи умумидонишгоҳии педагогӣ мизи мудаввар доир гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки мизи мудаввар ба мавзуи «Ҳисси ватандӯстии насли ҷавон дар асарҳои Садриддин Айнӣ” бахшида шуд.

Мудири кафедра дотсент Кӯчибоев Шӯҳрат қайд намуд, ки Садриддин Айнӣ -шоир, нависанда, олим ва ходими намоёни ҷамъиятии Тоҷикистон, нахустин президенти АИ Тоҷикистон, Қаҳрамони Тоҷикистон буда, як давраи таърихии миллати тоҷик ба номи ӯ сахт алоқаманд аст.

Дар идома дотсент Умарова Матлуба оид ба мақому манзалати китобҳои Садриддин Айнӣ дар ҷомеаи навин маълумоти муфассал дод.

Дар фарҷом донишҷуён аз шеърҳои устод Айнӣ намунаҳо қироат намуда, баъзе асарҳои нависандаро таҳлил намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ