​Меҳргон - нишон аз фарҳанги миллии тоҷикон

Таҳти ин унвон дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн чорабинии тарбиявию фарҳангӣ доир шуд.

Дар чорабинӣ муовини ректор оид ба корҳои тарбия Набизода Мирзотоҳир, як қатор деканони факултетҳо ва устодону донишҷӯён ширкат варзиданд.

Анвои мухталифи меваю сабзавот ва маҳсулоти кишоварзӣ ба маърази тамошо гузошта шуда, аз тарафи донишҷӯён маърӯзаҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дӯстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон иди ҷамъоварии ҳосили рӯёндаи деҳқон, иди фаровонӣ, шодию нишот, дӯстию рафоқат, ваҳдату ягонагӣ ва меҳру садоқат аст.

Ҳамзамон, дар доираи ин чорабинӣ озмуни “Расми беҳтарин” дар байни донишҷӯён гузаронида шуда, ғолибон бо туҳфаҳои хотиравӣ қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ