​Меҳргон - файзи хонадон

Бо чунин ном дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ бо ташаббуси омӯзгорони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа сармуаллима Ботурова ва Ҷабборова бо ҷалби донишҷӯёни гурӯҳи 203 чорабинӣ баргузор гардид. Дар оғози чорабинӣ муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа Ҷабборова оиди таҷлили иди Меҳргон суханронӣ намуда, қайд намуд, ки Меҳргон дар радифи пуршукӯҳтарин ҷашнвораҳои аҷдодии мардуми форсизабон қарор дорад. Гуфта шуд, ки Меҳргон рамзи тирамоҳи зарнисор, айёми ҷамъоварии ҳосили бо арақи ҷабин коштаи марди деҳқон мебошад. Сармуаллимаи кафедра Ботурова қайд намуд, ки ҷашни Меҳргон яке аз идҳои қадимтарини мардумони форсу тоҷик мебошад, ки ҳамчун иди меҳру муҳҳабат, дўстию рафоқати одамон ба якдигар, накӯкорӣ, тантанаи ранҷи кашидаи барзгарон аст, ки ниёгони мо баъди ҷамъоварии ҳосил таҷлил мекардаанд. Дар анҷоми чорабинӣ донишҷӯёни факултети мазкур дар васфи иди Меҳргон шеърҳову гуфторҳо қироат намуда, табъи ҳозиринро болида намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ