​Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир ва назарияи тарҷума

Бахшида ба ҳафтаи илм ва рӯзи матбуоти тоҷик дар факултети филологияи тоҷик бо ташаббуси кафедраҳои журналистика ва назарияи тарҷума ва иттилоот ва технологияҳои робитавӣ конференсияи вилоятии илмӣ-назариявӣ таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами журналистикаи муосир ва назарияи тарҷума” баргузор гардид.

Дар конференсияи мазкур намояндаҳо аз воситаҳои ахбори оммаи вилоят, устодон ва донишҷӯёни бахши рӯзноманигорӣ иштирок намуданд.

Декани факултет профессор Ӯлмасзода Замира конференсияро ифтитоҳ намуда, аз нақш ва мақоми рӯзноманигорон дар ҷомеа, таърихи таъсис ва ташаккули нахустин нашрияи сирф тоҷикӣ “Бухорои Шариф” таъкид намуд.

Дар идома аз рӯи барномаи конфронс дотсенти кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума Каримбой Комилов дар мавзӯи “Методикаи таълими фанҳои журналистика: мушкилот ва дурнамо” ва дотсент Ҳамдамов Бахтиёр перомуни “Маҳорати журналистӣ чун пойгоҳи малакаи касбӣ” маърӯза намуданд.

Рӯзноманигор Неътамулло Мирсаидов доир ба мавзуи“Баъзе андешаҳо оид ба вазъи журналистикаи байналмилалӣ” баромад намуда, дар бораи вазъи журналистикаи байналмилалӣ ва пешниҳоди маводи дуруст барои сомонаҳои байналмиллалӣ ибрози назар намуд.

Ҳамзамон, ҷонишини сармуҳаррири рӯзномаи вилоятии Ҳақиқати Суғд” дотсент СурайёҲакимовадар баромади худ доири таърихи тарҷума, масъалаҳо ва мушкилоти тарҷумаи шеъри муосир андешаҳояшро баён намуд.

Конференсия дар бахшҳо ба кори худ идома бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ