​Масъалаҳои мубрами забоншиносӣ ва омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ

Таҳти ин унвон дар толори калони раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки васеи олимону муҳаққиқон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Садори раёсати илм ва инноватсияи Донишгоҳ дотсент Ромизҷон Абдуллоев ба кори конференсия ҳусни оғоз бахшида, афзуд, ки сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таълим ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ, аз ҷумла забони русӣ шароити муосид фароҳам оварда, дар сатҳи баланди давлатӣ барои ба ҳадафҳои ососӣ ноил гардидан тадбирҳои амалӣ андешида шуда истодааст. Таъкид рафт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳамчун боргоҳи бонуфузи илму маърифат дар самти иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат тадбирҳои муҳимеро марҳила ба марҳила амалӣ намуда истодааст.

Аз ҷумла, барои омӯзиши забони русӣ нерӯи илмии донишгоҳ қавӣ буда, ҳамеша ба таври афзалиятнок аз он истифода карда мешавад.

Баъдан профессори кафедраизабони тоҷикии Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон Туғрал Шокиров дар мавзуи “Забони русӣ-забони дӯстӣ”, дотсенти кафедраи методикаи таълими забон ва адабиёти руси Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷӣ ба номи Стотим Улуғзода Мавлюда Товбаева дар мавзуи “Салоҳият ҳамчуни омили баланед бардоштани сифати таълими забони русӣ дар гуруӯҳҳои ғайризабонӣ”, дотсенти кафедраи забони русӣ ва таҳсилоти касбии Донишгоҳи технологии Тоҷикистон Тамара Хусанова дар мавзуи “Истиодаи технологияҳои компютерӣ дар дарсҳои забони русӣ” маърӯза иро намуданд.

Дар баромадҳо муҳимтарин масъалаҳои забоншиносӣ ва омӯзиши забони русӣ ҳамчун забони хориҷӣ мавриди таҳлилу баррасии густардаи муҳаққиқон қарор гирифт.

Конференсия кори худро дар се бахш идома дода, зиёда аз 60 маърузаи илмии муҳаққиқони соҳа роҷеъ ба мавзуи мавриди назар мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ