​Ман Ватанро беш аз ҳарвақта дорам дӯсттар

Чунин унвон дошт маҳфили кафедраи географияи иқтисодӣ ва демографияи факултети геоэкология ва туризм, ки ҷиҳати татбиқи амалии Консепсияи миллии тарбия ташкил шуд.

Дар маҳфил Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҳимова Биҳоҷал, намояндагони раёсати донишгоҳ аз шуъбаи тарбия ва бахши кор бо занон ва духтарон, инчунин сармуаллимаи кафедраи география, собиқадори меҳнат Исмоилова Марҳабохон ва дигар намояндагони факултет иштирок намуданд.

Дар доираи маҳфил як қатор маърӯзаҳо ироа шуданд, ки перомуни мавзӯи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ, меҳнатдӯстӣ ва дигар арзишҳои олӣ буданд.

Дар идома андешаҳои Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Биҳоҷал Раҳимова дар мавзӯи “Пояи давлат набошад бе маориф устувор” шунида шуд.

Сармуаллимаи кафедраи география, собиқадори меҳнат Исмоилова Марҳабохон перомуни мавзӯи “Эҳтироми падару модар - анъанаи неки тоҷикон” сухан намуд.

Барномаи фарҳангӣ дар иҷрои донишҷӯён ба маҳфил мазмуни бештар эҳдо намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ