​Мақом ва манзалати зан-модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол

Дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн дар мавзуи “Мақом ва манзалати зан-модар дар Тоҷикистони соҳибистиқлол” хониши сиёсӣ доир гардид.

Омӯзгор Матлуба Усмонова зикр дошт, ки занону духтарони Тоҷикистони соҳибистиқлол саодатманду хушиқболанд, ки давлату Ҳукумати мамлакат, бахусус Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъалаи баланд бардоштани мақомва манзалати занон дар ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд.

Гуфта шуд, ки Роҳбари олии давлат аввалин дабистонро барои шахс домони модар унвон намуда, ҳидоят менамоянд, ки на танҳо дар Рӯзи Модар, балки ҳамеша бояд ба хизматҳои бузурги зан-Модар арҷ гузорем.

Дар идома донишҷӯёни курси якуми ихтисоси технология. Омӯзгор-муҳандис маърӯза намуда, шеъру гуфтор қироат намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ