​Маҳфили умумидонишгоҳӣ: ҷалби донишҷӯдухтарон ба омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ

Дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ се маҳфили умумидонишгоҳӣ - “Сеҳри сӯзан”, “Эъҷози ҳунар” ва “Гулчини ҳунар” амал мекунад.

Бино ба маълумоти шуъбаи тарбия, маҳфилҳои мазкур дар хобгоҳҳои донишгоҳ фаъолият намуда, доираи васеи ҷавондухтаронро фаро мегирад.

Аз ҷумла, маҳфили “Сеҳри сӯзан” дар хобгоҳҳои № 2 ва 3 амал намуда, дар доираи он омӯзиши сӯзанидӯзӣ, кашидадӯзии ҷиҳак (тасма), гиребони курта, руймолча, рӯймоли мардона, дӯхтҳои йӯрма, хомдӯзӣ, донадӯзии хуҷандӣ, ироқӣ, кунгурадӯзӣ, гиреҳдӯзӣ, басмадӯзӣ, дӯхти занҷира, каҷҷакҳо, гулҳо вадавраҳо ба роҳ монда шудааст.

Иттилоъ дода шуд, ки ин маҳфил ҳафтае ду маротиба - рӯзҳои сешанбе ва ҷумъа доир мегардад. Танҳо соли таҳсили равон маҳфили мазкур 60 нафар донишҷӯдухтаронро фаро гирифт.

“Эъҷози ҳунар” бо мақсади ҷалби донишҷӯдухтарон ба мӯҳрадӯзӣ, дирафшдӯзӣ, чакандӯзӣ, кашидадӯзӣ, сохтани марҷонакҳо, шиносоӣ бо нозукиҳои касби пазандагӣ, омӯзиши қоидаҳои техникаи бехатарӣ ҳангоми кор бо таҷҳизоти дӯзандагӣ, кор бо марҷонҳои ранга дар рӯйи матоъ ва коркарди рангии ангора, ороиши гирди тасвир бо мӯҳра ва марҷонакҳо роҳандозӣ шудааст. Ин маҳфил дар хобгоҳи №3 феълан 20 нафар донишҷӯдухтаронро ба омӯзиш фаро гирифтааст.

Дар доираи маҳфили “Гулчини ҳунар” асосан нозукиҳои тайёр намудани хӯрокҳои миллӣ омӯзонида мешавад. Ҳадаф аз ин иқдом тайёр намудани ҷавондухтарон ба зиндагии мустақилона ва рӯзгордорӣ маҳсуб ёфта, ин маҳфил ҳар ҳафта рӯзи панҷшанбе аз соати 16:00 то соати 18:00 баргузор мешавад.

Ҳадаф аз таъсиси маҳфилҳои мазкур, пеш аз ҳама, ҷалби ҷавондухтарон ба омӯзиши касбу ҳунар, эҳёи ҳунарҳои миллӣ ва фаро гирифтани донишҷӯдухтарон ба машғулиятҳои иловагӣ унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ