​Маҳфили “Нерӯи сухан”: нозукиҳои таҳияи жанри мусоҳиба

Дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума маҳфили навбатии “Нерӯи сухан” доир гардид.

Махсусиятҳои асосии жанри мусоҳиба, нозукиҳои таҳияи он, талаботҳои муҳим зимни суҳбат бо мусоҳиб, қоидаҳои асосии суолгузорӣ аз масъалаҳое буданд, ки дар доираи маҳфили мазкур баррасӣ шуданд.

Рӯзноманигор Ҷаҳонгир Мирсалимов ба донишҷӯён доир ба мавзуи мазкур маълумот дода, барои татбиқи самараноки донишҳои назарии онҳо маслиҳат дод.

Таъкид рафт, ки рози пирӯзӣ аз се ҳарфи Т: тавоноӣ, таҳаммул ва тафовут иборат буда, шарти муҳим барои расидан ба натиҷаҳои нек дар соҳаи рӯзноманигорӣ риояи принсипҳои асосии касбӣ мебошад.

Баҳси донишҷӯён атрофи андешаи мазкур: “Шахсони муваффақ ҳамеша мегӯянд, ки ин мушкил аст, вале мумкин аст. Шахсони номуваффақ мегӯянд, ки ин мумкин аст, вале хеле мушкил аст” ҷолиб гузашт.

Замира Сатторова, мудири кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума аз донишҷӯён даъват намуд, ки вақти хешро самаранок истифода намуда, баҳри таҳкими дониш ва маҳорати рӯзноманигорӣ талош намоянд.

Хотиррасон менамоем, ки маҳфили мазкур дар кафедраи журналистика ва назарияи тарҷума давоми ҳар моҳ як маротиба доир гардида, дар доираи он мулоқоти донишҷӯён бо мутахассисони соҳа сурат мегирад, ки ҳадаф аз он, пеш аз ҳама, таҳкими саводи ихтисосӣ, маҳорати касбӣ ва татбиқи донишҳои назарии донишҷӯён унвон мешавад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ