​Маҳфили навбатии илмӣ-амалии “Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”

Маҳфили навбатии илмию амалии кафедраи умумидонишгоҳии информатика таҳти унвони «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ” бахшида ба муносибати “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар солҳои 2020-2040" доир гардид.

Ба маҳфили илми-амалӣ дотсент Аҳмедов Ҳусейн ҳусни оғоз бахшида, аз мақсади ташкил ва гузаронидани ин маҳфил ва ҳадафҳои асосии он ҳарф зад.

Зикр кард, ки иштирокчиёни навбатии маҳфил донишҷӯёни факултетҳои биология ва химия, геоэкология ва туризм мебошанд.

Маҳфил бо тариқи озмун аз рӯи 3 шарт яъне, гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers, кор бо тахтаи интерактивӣ ва дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳои барномаи виросторони коркарди матнӣ гузаронида шуд.

Дар ин маҳфили илмию амалӣ барои шаффоф гузаштани он аз тарафи устодони кафедра ҳайати ҳакамон иборат аз се нафар муайян карда шуданд, ки онҳо баъди иҷрои ҳар бахш баҳогузорӣ намуданд.

Дар фарҷом сазовори ҷойи якум донишҷӯи факултети биология ва химия Ҳамдамова Оминахон Шоҳаҳмадовна,ҷойи дуюм донишҷӯи факултети биология ва химия Ҷӯраев Зайниддин Зоҳидҷонович ва ҷойи сеюм насиби факултети геоэкология ва туризм Нозимбойзода Шаҳноза гардид, ки ғолибон бо ифтихорнома қадр карда шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ