Маҳфили илмӣ-амалӣ: Истифода аз барномаи Plickers

Маҳфили илмию амалии «Донишҷӯ ва технологияи иттилоотӣ”, ки бо иқдоми кафедраи умумидонишгоҳии информатика амал мекунад, ин навбат дар доираи ҳафтаи илм бо иштироки донишҷӯёни факултетҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус ва филологияи тоҷик баргузор шуд.

Чун анъана маҳфил тариқи озмун аз рӯи 3 шарт гузаронида шуд:

  • Гузаронидани тест бо истифода аз барномаи Plickers;
  • Кор бо тахтаи интерактивӣ;
  • Дохил намудани маълумот ва истифодаи имкониятҳоибарномаи виросторони коркарди матнӣ.

Мувофиқи баҳогузории ҳайати ҳакамон ҷойи якум насиби донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Раҳимова Шабнам, ҷойи дуюм сазовори донишҷӯи факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус Юсупова Фарзона ва мақоми сеюм насиби донишҷӯи факултети филологияи тоҷик Зокирова Шоҳона гардид.

Ғолибони маҳфил бо Ифтихорнома қадр шуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ