Маҳфили «Ганҷинаи ҳикмати ниёгон»

Нишасти дуюми маҳфили илмӣ-омўзишии «Ганҷинаи ҳикмати ниёгон» дар факултети геоэкология ва туризм баргузор гашт. Дар маҳфил асари олими асри Х Абўбарки Караҷӣ – «Истихроҷи обҳои пинҳонӣ» мавриди муаррифӣ ќарор гирифт. Абўбакри Караҷӣ яке аз ҳамзамонони Абўалӣ ибни Сино ва Абўрайҳони Берунӣ буда, асари номбурдаи вай доир ба кандани чоҳҳо, донистани заминҳое, ки дар онҳо об мавҷуд аст, кандан ва нигаҳ доштани корезҳо ва амсоли инҳо баҳс мекунад.

Роҳбари маҳфил – дотсент Ислом Раҳимов доир ба зиндагинома ва асарҳои Абўбакри Караҷӣ ба ҳозирон маълумот расонида, ќайд кард, ки асари мазкурро яке аз аввалин асари олими тоҷик доир ба гидрогеология номидан мумкин аст.

Пас аз гузориши илмӣ доир ба мавзуъ саволу ҷавоб бо иштирокдорон баргузор гардид.

Пешниҳод шуд, ки китоби «Истихроҷи обҳои пинҳонӣ»-и Абўбакри Караҷӣ бо хати кириллӣ ба нашр расонида шавад.

Ислом Раҳимов изҳор дошт, ки дар ин самт дар факултети забонҳои шарќ кор оѓоз гаштааст ва рўзҳои наздик асари номбурда бо хати кириллӣ чоп хоҳад шуд.

Маҳфили донишгоҳии «Ганҷинаи ҳикмати ниёгон» ҳар моҳ ба тариќи сайёр дар як факултет баргузор мегардад. Тибќи наќша маҳфили навбатӣ дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус баргузор хоҳад шуд, ки дар он китоби «Шуморнома»-и Муҳаммад ибни Айюби Табарӣ муаррифӣ ва тахлил хоҳад гардид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ