​Маҳфил: Усулҳои гуногуни теоремаи Пифагор

Дар факултети математика маҳфили навбатии донишҷӯёни кафедраи алгебра ва геометрия баргузор гардид.

Дар маҳфил Шаҳноза Темирова - донишҷӯи курси ду, ихтисоси математика дар мавзуи «Усулҳои гуногуни теоремаи Пифагор» баромад намуд. Зимни гузориш донишҷӯ қайд намуд, ки теоремаи Пифагор, теоремаи маъмули геометрияро гӯянд, ки вобстагии дарозии тарафҳои секунҷаи росткунҷаро ифода мекунад. Тахмин меравад, ки теоремаи Пифагор то Пифагор (асри 6 то мелод) низ маълум будааст, вале исботи он ба ӯ нисбат дода мешавад.

Ҳамзамон дар идома татбиқи он дар ҳалли масъалаҳо амалан нишон дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ