​Маҳфил: рӯнамои китоби тозанашр

Дар факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус бахшида ба рӯйнамоии асари тозанашри “Вижагиҳои сохториву маъноии ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик”, ки ба қалами дотсент Моҳинисо Каримова тааллуқ дорад маҳфили илмии “Китобдӯст” баргузор гардид.

Дар маҳфил устодони факултети филологияи тоҷик, профессор Абдуқодиров Абдусаттор, дотсентон Саидмурод Ҳоҷиев, Аҳмадов Мирзоҳабиб, Ҳикматуллоев Неъматулло ва Мӯсо Олимҷонов иштирак доштанд.

Маҳфил бо сухани ифтитоҳии декани факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус дотсент Даврон Усмонзода оғоз гардид. Мавсуф қайд намуд, ки таълифи асари тозанашри “Вижагиҳои сохториву маъноии ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик” саривақтӣ буда, минбаъд дар омӯзиши қисмати синтаксиси забони адабии ҳозираи тоҷик ҳамчун китоби дарсӣ истифода бурда мешавад.

Ҳамчунин устодони факултети филологияи тоҷик профессор Абдусаттор Абдуқодиров, дотсентон Саидмурод Ҳоҷиев, Аҳмадов Мирозоҳабиб, Ҳикматуллоев Неъматуллоев ва мудири кафедраи забони тоҷикӣ дотсент Мӯсо Олимҷонов зери унвонҳои “Назаре ба фаъолияти омӯзгории дотсент Моҳинисо Каримова”, “Дотсент Моҳинисо Каримова – муҳаққиқи наҳви забони тоҷикӣ” ва “Мазмуну муҳтаво ва зарурати таҳияву нашри асари “Вижагиҳои сохториву маъноии ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷикӣ” маърӯзаҳо ироа гардиданд.

Баромадчиён доир ба фаъолияти педагогиву илмии муаллифи асари “Вижагиҳои сохториву маъноии ҷумлаҳои сода дар забони адабии ҳозираи тоҷик” ибрози назар намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ