​Маҳфил: "Нуқсоншиноси оянда"

Маҳфили илмӣ-амалии “Нуқсоншиноси оянда” ин навбат бахшида ба рӯзи умумиҷаҳонии Аутизм таҳти унвони “Якҷоя кӯмак мерасонем” доир шуд.

Дар маҳфил раиси Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд, дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё ва намояндагони муассисаҳои солимгардонӣ, ташкилотҳои ҷамъиятии “Рангинкамон”, “Манбаи меҳр” ва устодону донишҷӯёни факултети таҳсилоти ибтидоӣ ва педагогикаи махсус иштирок намуданд.

Маҳфилро директори Китобхонаи вилоятии оммавии ба номи Тошхӯҷа Асирӣ дотсент Мирсаидов Баҳром ифтитоҳ бахшида, маърӯзаи пурмуҳтаво ироа намуд.

Раиси Ассотсиатсияи нуқсоншиносони вилояти Суғд дотсенти кафедраи педагогикаи иҷтимоӣ ва касбӣ Раҳмонов Зикриё дар бораи қабули қонуну қарорҳои низомномаи Ассотсиатсия ва хусусиятҳои пайдошавии бемории Аутизмдошта, корҳои ислоҳнамоӣ бо чунин кӯдакон маълумоти муфассал пешниҳод намуд.

Ҳамзамон, дар рафти маҳфил аз тарафи намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Рангинкамон” Абророва Хиромон дар мавзуи “Муайянсозии халалдории спектри аутизм” ва нуқсоншиноси дараҷаи олии Маркази саломатии №2-и шаҳри Хуҷанд Камолова М дар мавзуи “Аутизм беморӣ ё хусусияти инкишофи равонӣ” маърӯза намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ