Курсҳои тайёрии 3 моҳа ва 6 моҳа

Муассисаи давлатии таълимии «Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров» довталабонро ба курсҳои тайёрии 3 моҳа ва 6 моҳа даъват менамояд. Шуъбаи тайёрии тодонишгоҳӣ ва кор бо довталабон аз рӯи 5 кластер:

“Табиӣ ва техникӣ”

“Иқтисод ва география”

“Филология , педагогика ва санъат”

“Ҷомеашиносӣ ва ҳуқуқ”

“Тиб, биология ва варзиш”

довталабонро қабул намуда, барои дохил шудан ба донишгоҳҳои олии кишвар омода менамояд. Дар курси тайёрӣ ба довталабон устодони пуртаҷриба бо истифода аз таҷҳизотҳои муосир раванди таълиму тадрисро ба роҳ монда, дониш, малака ва маҳорати довталабонро ба талаботи Маркази миллии тестӣ омода менамояд.

Машғулиятҳои курси тайёрӣ аз санаи 15.10.2022 оғоз гардида, рӯзҳои душанбе, сешанбе, чоршанбе, панҷшанбе, чумъа аз соати 14:00 то 17:00 гузаронида мешавад.

Ҳуҷҷатҳои лозима:

Нусхаи шиноснома ё шаҳодатномаи таваллуд

Маълумотнома аз ҷои таҳсил

2-то расм 3х4

Суроға: маҳаллаи 20-ум, бинои таълимии № 3, ошёнаи 4 утоқи 417,419 қафои Кохи Матбуот

Телефон барои тамос: 92-7520104

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ