Коррупсия монеи рушди инкишофи иқтисодиёт
Яке аз муаммоҳои глобалӣ, ки таваҷҷуҳи тамоми мардуми оламро ба худ ҷалб кардааст, коррупсия маҳсуб меёбад. Ин зуҳуроти номатлуб, ки боиси садди роҳи инкишофи иқтисодиёти давлат, коҳиш гардидани боварии мардум, халал ёфтани оромиву сулҳу суботи кишвар аст, ҳамаро водор месозад, ки бар зидди он мубориза баранд. Аслан, коррупсия ҳамрадифи “нопокӣ”, “фасод”, “фиреб” аст ва дар ҷое, ки зоҳир ёбад, ҳатман боиси вайрониву таназзули иқтисодиёту иҷтимоиёти ҳамон кишвар мегардад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба коррупсия диққати махсус дода мешавад ва қариб дар ҳар як паёми худ Пешвои миллат барои решакан кардани амалҳои коррупсионӣ дастуру супоришҳо медиҳанд. Бо таъкиди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки сиёсати давлатӣ қарор дод, ки ба тавсиб расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи июли соли 1999 «Дар бораи тадбирҳои иловагӣ оид ба пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия» яке аз тадбирҳои асосии ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ дар кишвари мо ба ҳисоб меравад.
Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 -уми сентябри соли 2006 “Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид зидди коррупсия” қабул гардида, 16 - уми апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии кишвар ин санади муҳими байналмилалӣ тасдиқ карда шуд, ки он дар таҳкими роҳи минбаъдаи сиёсати давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти мубориза бар зидди коррупсия хеле муҳим арзёбӣ карда мешавад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи муқовимат бо коррупсия, дар моддаи аввал дар бобати коррупсия ва муқовимат чунин нигошта шудааст:
– Коррупсия - кирдоре (ҳаракат ё беҳаракатие), ки шахсони ба иҷрои вазифаҳои давлатӣ ваколатдор ё шахсони ба онҳо баробаркардашуда бо истифода аз мақоми худ ва имкониятҳои он барои ба манфиати худ ё шахсони дигар ғайриқонунӣ ба даст овардани неъматҳои моддию ғайримоддӣ, бартарият ва имтиёзҳои дигар содир менамоянд, инчунин ба ин шахсон ваъда додан, таклиф ё пешкаш намудани ин гуна неъмату бартарият ва имтиёзҳои дигар бо мақсади моилкунӣ ё қадр кардани онҳо барои содир намудани чунин кирдорҳо (ҳаракат ё беҳаракатӣ) ба манфиати шахсони воқеӣ ёҳуқуқӣ;
- Муқовимат ба коррупсия - фаъолияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ, ташкилотҳо, новобаста аз шакли моликият, дар доираи ваколатҳо ва вазифаҳои худ, инчунин шахсони воқеӣ дар самти пешгирии коррупсия, аз ҷумла оид ба ошкор ва бартарафсозии омилҳои бавуҷудоварандаи коррупсия (пешгирии коррупсия), дар самти ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ (мубориза бо коррупсия), оид ба кам ва бартараф намудани оқибатҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ, дар самти мусоидат дар пешгирӣ, ошкор кардан, кушодан, рафъ намудан ва тафтиши ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ;(ҚҶТ аз 24.02.17 с., №1386)
Қабул кардани қонун аз он шаҳодат медиҳад, ки дар Тоҷикистон нисбат ба коррупсия таваҷҷуҳи махсус дода мешавад. Ҳамчунин, онҳое, ки аз салоҳияти худ истифода бурда, даст ба коррупсия мезананд, тибқи қонун муҷозот мешаванд.
Барои бартараф кардани ҳолатҳои коррупсионӣ ва ҳамчунин пурзӯр гардонидани муқовимат бо коррупсия, дар Тоҷикистон ниҳоди “Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия” фаъолият мебарад. Дар ин замина, суханҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон далели он аст, ки ин ниҳод барои бартараф кардани коррупсия дар кишвар нақши бориз дорад:
“ Таъсиси ниҳоди махсусгардонидашуда – Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия яке аз дастовардҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба коррупсия мебошад, ки вазифаи он аз назорати истифодаи дуруст ва мақсадноки маблағҳои буҷетӣ, амволи давлатӣ, таҳкими қонуният, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, инчунин, манфиатҳои давлат ва ҷомеа иборат мебошад”.
Агентии назорати давлатӣ ва мубориза бо коррупсия сомонаи махсуси худро дорад, ки дар он хабарҳои муҳими рӯз, вокунишҳо барои ҷалби мубориза бар зидди коррупсия, матни комили қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бар зидди коррупсия дарҷ гардидаанд, ки бешак, барои шаҳрвандон асноди муҳим ба ҳисоб мераванд. Бояд тазаккур дод, ки ин ниҳод ҳамеша дар самти муқовимат бар зидди коррупсия чораҷӯиҳо карда, пайваста барои боз ҳам беҳтар гардонидани самти фаъолияти худ дар конфронсҳои байналхалқиву ҷаласаҳои давлатҳои пешрафтаи дунё ширкат меварзад.Ба наздикӣ, ҳайати расмии Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзҳои аз 24 то 27 сентябри соли ҷорӣ дар ҷаласаи 5-уми пленарии Шабакаи ҷаҳонии амалиётӣ барои мақомоти бо коррупсияи муборизабаранда (GlobE Network), ки дар шаҳри Пекини Ҷумҳурии Мардуми Чин баргузор гашт, иштирок намуданд. Дар ин ҷаласа, ки намояндаҳо беш аз 80 давлатҳои пуриқтидори дунё иштирок доштанд, ширкати намояндаҳои кишвари мо низ шаҳодат аз он медиҳад, ки Тоҷикистон ҳамеша дар тараққиёт аст.
Дар мавриди мубориза бо коррупсия ҳаминро зикр карданҷоиз аст, ки мубориза бояд аввал аз худи одам оғоз ёбад. Нахуст, аз оилаи худ, сипас коргоҳ. Бетарафӣ намудан ба амалҳои коррупсионӣ хиёнат ба миллату Ватан аст. Афсӯс, ки коррупсия қариб ки дар тамоми соҳаҳо ба назар мерасанд. Нафаре ба назди табибе меравад ва мехоҳад, ки бар ивази пул ба ӯ таҳлили хуни қалбакиро омода намоянд, чунки худ хеле серкор аст, намехоҳад, ки вақти худро сарфи духтургузаронӣ гардонад. Аммо баъди чандин маҳ худашро бад ҳис мекунад ва маълум мегардад, ки ба бемории саратон гирифтор аст. Шояд агар ҳамон рӯз ба ҷойи таҳлили қалбакӣ аз муоинаи духтур мегузашт, метавонист, ки ин бемориро зуд пешгирӣ намояд, вале мутаассифона, ин беморӣ, ки ҳамеша дар авҷ аст, дар байни чандин моҳ метавонад шахсро нобуд созад.Коррупсия боиси марги ӯ мегардад.
Ҳамчунин, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои дастгирии ҷавонони болаёқат як қатор озмунҳои ҷумҳуриявӣ аз қабили “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, “Илм - фурӯғи маърифат”, “Тоҷикистон - Ватани азизи ман” роҳандозӣ шудаанд, ки ғолибони онро то 70 000 сомонӣ қадрдонӣ мекунанд. Ҳарчанд, ки шаффофияти озмун борҳо таъкид гардида буд, баъзан ба гӯш мерасад, ки кадом хонандае ба аъзои ҳакамон муроот кардааст ва аз ин лиҳоз, ҷойи намоёнро сазовор гардидааст. Ин гуна амалҳо боиси руҳафтода шудани онҳое мегардад, ки дар воқеъ арзандаанд. Дар ин замина, Пешвои миллат зикр карданд, ки аъзои ҳакамон танҳо 2 рӯз қабл аз озмунҳои ҷумҳуриявӣ таъин гарданд ва ҷоизаи ғолибон 100 фисад баланд карда шавад.
Аз ин хотир, ҳар фарде ки ғуруру виҷдони пок дорад, бояд барои баланд бардоштани сатҳи иқтисодиёту иҷтимоиёт ва маънавиёти кишвари худ саҳм гузорад ва бар ивази пули ночизе, ки бақо надорад, ба Ватану миллати худ хиёнат накунад. Ҳар фарди миллатро лозим аст, ки бар зидди коррупсия мубориза барад ва ин амали зиштро абадан решакан гардонад, зеро Ватани солим аз ҷомеаи солим аст.
Ахмедова А.Х., муаллими кафедраи забони англисии
факултети забонҳои шарқ