Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз баромадњои худ, дуруст ишора намудаанд, ки «Чунин як падидаи манфӣ ҳамчун коррупсия дар пешрафти ҷомеаи мо, яке аз монеаҳои хеле ҷиддӣ мебошад. Мо бояд тамоми омилҳо ва сабабҳои зуҳури коррупсияро ҳамаҷониба омӯхта, таҳлил намоем ва тамоми қувваҳои солими ҷомеаро барои пешгирии ин зуҳур ва поён овардани шиддати он сафарбар намоем»
Дар ҷаҳони муосир дар қатори дигар зуҳуроти хавфнок, аз қабили терроризм, экстремизм ва гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, инчунин масъалаи дигари мубрам ва доғи рӯз ин фасод ё худ коррупсия мебошад. Коррупсия ва дигар амалҳои дорои хусусияти коррупсионӣ барои рушди иқтисодиёт ва некуаҳволии мардум, амалишавии ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, суботу оромии ҳар як кишвар монеа эҷод намуда, хавфи аз ҳама калон – нобоварии мардумро нисбат ба мақомоти давлатӣ ба бор меорад. Коррупсия яке аз зуҳуроти хавфноки ҷомеа буда, дар миқёси ҷаҳонӣ ҳамчун ҷинояти вазнин ва яке аз унсурҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллӣ ва халалдоркунандаи рушди босуботи иҷтимоию иқтисодии давлат эътироф гаштааст, ки он ба пешрафти иқтисодиёт халал расонида, бунёди ҷомеаи демократиро заиф месозад ва ба рушди демократия таъсири манфӣ мегузорад».
Маънои коррупсия “фасод” буда, ҳанӯз дар давраи ҳукмронии Ҳахоманишиён ба вуҷуд омада буд. Куруши Кабир ба муқобили фасод ва порахӯрӣ хеле мубориза бурда буд. Пора истилоҳи форсӣ - тоҷикӣ буда, аз замонҳои қадимтарин дар истифода вуҷуд дошт. Аз забони арабӣ калимаи “ришва” вориди забони тоҷикӣ шуда, баъдан дар адабиёт он маъмул гашта, доираи истеъмоли пораро танг кард.
Коррупсия, ки он як навъи фасодкорист, маънои табоҳӣ, харобӣ ва вайрониро медиҳад. Ин падидаи зишт ба хилофкорӣ, харобкунӣ ва монеъшавии пешрафти ҳама самтҳои ҷомеа монеъ шуда, аз сӯи ашхосе, ки масъул ва ё соҳибқудратанд, ҷиҳати ба ҳадафҳо ва манфиатҳои шахсии хеш расидан анҷом дода мешавад.
Алҳол коррупсия бо маънои гуногун дар ҷомеа фаҳмида мешавад, аз ҷумла бо маънои ришва додан, сӯйистифода аз мансаб, пораситонӣ, судхӯрӣ, хушомад намудан, сохтакорӣ, баромадан аз ҳадди ваколатҳо, азонихудкунӣ, исрофкорӣ ва хешутаборчигӣ мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон бо бa дaст овaрдaни Истиқлоли дaвлaтӣ вa тaшaббусҳои созaндaи Aсосгузори сулҳу вaҳдaти миллӣ – Пешвои миллaт, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтaрaм Эмомaлӣ Рaҳмон қaдaмҳои устувори худро дaр сaмти муборизa бо коррупсия гузоштa, бaрои пешгирӣ aз ин вaбои aср тaмоми зaминaҳои тaшкилию ҳуқуқиро фaроҳaм овaрдaaст.
Пaй дaр пaй қaбул гaрдидaни сaнaдҳои дaвлaтӣ бa монaнди “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2008-2012” aз 26 янвaри соли 2008, №34; “Стрaтегияи муборизa бо коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои солҳои 2013-2020” aз 30 aвгусти соли 2013, №1504 вa “Стрaтегияи дaвлaтии муқовимaт бa коррупсия дaр Ҷумҳурии Тоҷикистон бaрои дaврaи то соли 2030” aз 3 aвгусти соли 2021, №222 бa муборизaи беaмон вa коҳиш додaни сaтҳи болорaвии коррупсия дaр кишвaри aзизaмон зaминaи воқеию ҳуқуқӣ гузоштaнд. Ҳамзамон бо мақсади ташкили мубориза бар зидди коррупсия ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 10 январи соли 2007 Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсис дода шудааст.
Маврид ба зикр аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон баъд аз соҳибистиқлолию соҳибихтиёрии худро ба даст овардан тавонист давлати миллии худро бунёд ва пояҳои онро устувор кунад. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатӣ ба халқи тоҷик муяссар гашт, ки санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқиро дар асоси принсипҳои давлатдории миллӣ қабул намоянд ва идораҳои соҳавиро таъсис ва рушд диҳанд. Агарчӣ аз таъсиси идораҳо ва қабули асноди зиддикоррупсионӣ дар боло сухан кардем, боз ҳам камбудиҳо дар ин самт ба назар мерасад. Мутаассифона, имрӯзҳо мушоҳида мешавад, ки қариб дар ҳама самт ин вабои зишт вуҷуд дорад. Президенти кишвар ҳамеша дар Паёмҳои худ вобаста ба бартараф намудан, решакан кардан ва мубориза бурдан бар зидди ин зуҳуротро таъкид мекунанд ва яке аз самтҳои асосии фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар меҳисобанд.
Як ќатор олимони машњури зиёде таъсири коррупсияро ба амнияти давлатӣ мавриди баррасӣ қарор додаанд. Онҳо таҳдиди коррупсияро ба амният ва суботи Тоҷикистон ба таври махсус қайд намудаанд. Ба андешаи онҳо ҳалли ин мушкилот яке аз мақсадҳои муҳими амниятии кишвар аст. Муҳаққиқ И.К.Асадуллоев вазифаи наҷоти миллиро дар рафъ намудани коррупия ва маҳалгароӣ дидааст. А. А.Шамолов амалӣ намудани стратегияи самараноки мубориза бар зидди коррупсияро ҷавобгӯи манфиатҳои миллии давлат ва амнияти миллии он медонад.
Зокиров Г.Н. хосияти системавӣ пайдо намудани коррупсия ва шаклҳои дигари фасодро ҳамчун таҳдиде ба амнияти давлатӣ шинохтааст. Ба андешаи ӯ амалҳои коррупсионӣ хосияти муқовиматро пайдо намуда, ба монеаи инкишофи ҷомеаи инсонӣ ва ба навъи махсуси таҳдид ба амнияти давлатӣ ва ҷамъиятӣ табдил ёфтаанд.
Муҳаққиқи ватанӣ А.Имомов бошад, алоқамандии миёни коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро махсусан дарҷ намуда, ба чунин хулосае омадааст, ки коррупсияи паҳнгашта дар ҷомеа заминаи мусоидро барои тақвияти ҷинояткории муташаккил ба миён меорад. Ӯ коррупсия ва ҷинояткории муташаккилонаро чун омилҳои воқеии хатарафзо ба давлат ва ҷомеа меҳисобад.
Инчунин олимони зиёде дар мавриди таъсири байналхалқӣ доштани коррупсия таҳқиқотҳои илмӣ ба анҷом расонидаанд ва ин зуҳуротро фаротар аз мушкилоти як ҷомеа шинохтаанд. Аз ҷумла муҳаққиқон Роберт И. Роберт, Келли М. Гринҳилл, Матсев Бунн, Ҷесика С. Тиитс, Эрика Ченовес, Бен В. Ҳейнимен муҳаққиқоне мебошанд, ки коррупсияро чун як мушкилии сатҳи глобалӣ медонанд. Онҳо исбот кардаанд, ки мавҷудияти коррупсия ба амнияти байналхалқӣ таҳдид намуда, боиси боло рафтани қочоқ, паҳншавии аслиҳаи ҳастаӣ, рушди терроризм ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ мегардад.
Дар шароити имрӯза чунин ба назар мерасад, ки нафарони ба амали коррупсионӣ дастдошта, аксари ҳолат дар мавриди паёмадҳои ин зуҳурот ба дурнамои рушди кишвар намеандешанд. Шояд онҳо чунин гумон дошта бошанд, ки амали коррупсионии онҳо ба дурнамоии рушди давлатдорӣ ва амнияти кишвар ҳеҷ як таъсире нахоҳад дошт ва ё чандон таъсири ҷиддӣ надорад.
Ба андешаи мо, ҳар гуна амали коррупсионие, ки дар як ҷомеа зуҳур менамояд, дар ин ва ё он шакл ба амнияти он ҷомеа ва ё дурнамои рушди он таъсири манфии худро мегузорад. Агар паёмадҳои манфии як амали коррупсионӣ дар имрӯз кам ба назар расад, шояд дар оянда он бузург мегардад. Барои баёни ин ҳолат давлатро ба як киштии шинодошта дар баҳр ташбеҳ менамоем ва шаҳрвандони онро сарнишинони он киштӣ.
Чунин таъсири коррупсияро мо метавонем дар бесаводгардии аҳолӣ ва хусусан ҷавонон, паст рафтани соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷамъиятӣ, носолимии шаҳрвандон, истеҳсолу истеъмоли молҳои зараровар ва ѓайраҳо мисол оварем, ки боиси ба мушкилоти зиёд рӯ ба рӯ гаштани ҷомеа мегардад.
Аз ин рӯ, дар шароити имрӯзаи рушди Тоҷикистон муқовимат бо коррупсия як мақсади муҳим ва рӯзмарра мебошад. Пеш аз ҳама, ба мо зарур аст, то миёни аҳли ҷомеа ва хизматчиёни давлативу ҷамъиятӣ чунин фаҳмишеро тақвият бахшем, ки коррупсия зуҳуроти хавфнок барои амнияти миллату давлати мо мебошад.
Воқеан, халқи тоҷик аз қадимтарин замонҳо бо давлатдории хеш арзи ҳастӣ карда, дар рушд ва инкишофи ҷомеаи башарӣ саҳми арзанда гузоштаанд. Зикри ин нукта муҳим аст, ки ин халқи тамаддунофар дар бартараф намудани на танҳо ҳодисаҳои коррупсионӣ, балки дар пешгирии ҳамагуна амалҳои номатлуб дар ҷомеа заҳматҳо кашидаанд, то як ҷомеаи солимфикрро бунёд созанд. Маҳз, кӯшишу талошҳои абармардони ин миллат буд, ки то имрӯз ин халқи бунёдкор тавонистаанд дар рушди ҷомеаи ҷаҳонӣ мақом ва нақши худро гузоранд. Ба ибораи дигар, Ҷумҳурии тозаистиқлоли Тоҷикистон иштирокдори қабули санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии ҷомеаи ҷаҳонӣ аст, дар муборизаи бе амон бар зидди ин зуҳуроти номатлуб, решакан кардани пояҳои он ва тақвият бахшидани тафаккури ахлоқию ҳуқуқии мардум нақши бориз гузоштааст. Тавре, ки дар урфият мегӯянд: "Илоҷи воқеа пеш аз вуқӯъ". Аз ин лиҳоз, пайваста андешидани чораҳои зарурӣ ба монанди: ташкил ва гузаронидани чорабиниҳои маърифатӣ - фарҳангӣ, ки хусусияти ахлоқӣ-ҳуқуқӣ доранд, амри муҳим ва зарурист.
Усмонов Акмалҷон, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Ғафуров