​Қонуни танзим – кафили таъмини шароити арзандаи зиндагӣ

Муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» зимни суҳбат бо донишҷуёни курси якуми факултети геоэкология ва туризм мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки қонуни мазкур бо тақозои рушди ҷомеа ва ҷашну маросимҳоро танзим намуда, ба ҳифзи арзишҳои асили фарҳанги миллӣ ва эҳтиром ба суннатҳои мардумӣ барои баланд бардоштани сатҳи иҷтимоию иқтисодии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон равона гардидааст.

Гуфта шуд, ки мақсади қонуни мазкур аз ҳимояи манфиатҳои иҷтимоии мардуми Тоҷикистон, мусоидат барои паст кардани сатҳи камбизоатӣ ва гирифтани пеши роҳи хароҷоти зиёдатӣ, ки ба манфиатҳои иқтисодӣ ва фазои маънавии ҳаёти шаҳрвандон зарари ҷиддӣ ворид менамоянд, иборат аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ