Конститутсия - пойдевори давлати тоҷикон
“Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷмӯи ормону ниятҳои ниёгон ва дастури кору зиндагии наслҳои имрӯзу фардои миллати мутамаддини тоҷик аст”.
Эмомалӣ Раҳмон
Ҳар давлати мутамаддин дорои қонуни асосӣ - Конститутсия мебошад, ки он ҳуқуқу манфиатҳои мардумро пуштибонӣ намуда, шакли давлатдориро муқаррар ва муайян месозад.
Дар баробари соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон зарурати қабули Конститутсияи нав пеш омад. Ҷомеа ва давлати Тоҷикистон ба марҳилаи сифатан нави таърихи инкишофи худ ворид шуданд ва дар кишвар давраи дигаргуниҳои куллӣ дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ба миён омад. Мардуми Тоҷикистон ба марҳилаи нави давлатдорӣ, ки асоси он соҳибихтиёрӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона мебошад қадам ниҳоданд. Дар ҷомеа зарурати интихоби шакли нави давлатдорӣ, низоми мақомоти нави ҳокимияти давлатӣ, таъмини арзишҳои воқеан олии инсон ва ҳуқуқу озодиҳои он, танзими муносибатҳои нави ҷамъиятӣ эҳсос мегардид. Ҳамаи ин дигаргуниҳои дар ҳаёти кишвар бавуҷуд омада, зарурати муайян намудани асосҳои ҳуқуқии тағйироти куллӣ ва пешрафти минбаъдаи ҷомеаи тоҷиконро ба миён овард.
Дар даврони Шӯравӣ ҳарчанд дар баробари Конститутсияи ИҶШС конститутсияҳои ҷумҳуриҳои шӯравии сотсиалистӣ амал мекард, вале кишварҳо дар асл ба Конститутсияи асосӣ итоат мекарданд, ки ба манофеи давлатҳои тозаистиқлол, аз ҷумла Тоҷикистони соҳибистиқлол созгор набуд. Аз ин хотир зарурати кабули Конститутсияи нав пеш омад, ки бояд тамоми ҷанбаҳои муносибати давлатдории миллиро ба танзим дароварда метавонист.
Дар натиҷаи омӯхтани таҷрибаҳои таърихӣ таҳия ва қабули конститутсияи давлатҳои пешрафтаи демократӣ Конститутсияи Тоҷикистони тозаистиқлол таҳия шуд.
Санаи 6-уми ноябри соли 1994 дар солномаи Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун санаи махсуси таърихӣ сабт шудааст. Дар ин рӯзи фаромӯшнашаванда, бори нахуст дар таърихи давлатдории миллии тоҷикон ба тариқи раъйпурсии умумихалқӣ Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул гардида дар таърихи навини кишвар воқеан ҳуҷҷати сарнавиштсоз, муайянкунандаи роҳу равиш ва омили рушди босуботу устувори ватани азизамон гардид.
Бо қаноатмандии тамом метавон гуфт, ки эҷоди Конститутсия баъд аз ҳазор сол эҳёгардидани давлати навини тоҷикон бо ҷалби ҳамаи нерӯҳои зеҳнии ҷомеа қадами устуворе дар роҳи истиқлол буд. Қабули Кониститутсияи нав дар заминаи таҷрибаю дастовардҳои инсоният дар роҳи бунёди ҷомеаи демократӣ ва бо назардошти манфиатҳои олии миллат, инчунин анъанаҳои қадимаи таърихиву фарҳангӣ ва суннатҳои хоси миллии тоҷикон амалӣ гардид.
Таҳияи Конститутсия бо ҷалби нерӯҳои ақлонии ҷомеа, бо назардошти манфиатҳои олии миллату анъанаҳои пурғановати таърихиву фарҳангии халқи тоҷик ва истифода аз таҷрибаву дастовардҳои давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон дар самти бунёди ҷомеаи демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ сурат гирифт.
Ҳамин тавр, Конститутсияи Тоҷикистони навин бо саҳми назарраси Роҳбарияти олии сиёсии кишвар қабул шуда, аз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ берун овардани ҷомеа, барқарор намудани фаъолияти сохторҳои фалаҷшудаи давлатӣ, таъмин намудани амнияти миллӣ, тартиботи ҷамъиятӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо мусоидат карда, барои барпо гардидани давлати демократии ҳуқуқбунёд, бунёди ҷомеаи шаҳрвандӣ ва амалишавии ҳадафҳои бузурги миллатро асос гузошт.
Ин санади муқаддас Истиқлоли давлати моро ба расмият даровард, орзуву ормони мардуми моро амалӣ сохт, роҳи ояндаимиллати сарбаланду созандаро ба сӯи бунёди ҷомеаи нав ва таҳкими пояҳои давлатдории муосир мунаввар гардонд. Чунончи дар яке аз суханрониҳояшон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр намудаанд: “Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати санади муқаддас бояд мавриди омӯзиши дақиқи тамоми гуруҳҳо ва қишрҳои ҷомеа қарор гирад ва мо насли ҷавонро бояд дар рӯҳияи эҳтиром ба он тарбия намоем”. Аз ин лиҳоз, омӯзиши Конститутсия дар ҳамаи мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таълимиву тарбиявӣ, ташкилоту корхонаҳо ба роҳ монда шуда, барои татбиқи он бояд тамоми воситаву имкониятҳо истифода шаванд.
Ин шиносномаи миллати тоҷик, ки соли ҷорӣ мо 30-юмин солгарди қабули онро ҷашн мегирем, қонунест, ки нисбати ҳамаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бартарӣ дошта, дар он ҳамаи самтҳои дохилию хориҷии ватани азизамон дарҷ гардидааст. Ин муҳлат барои таърихи тоҷикон начандон тӯлонӣ бошад ҳам, дар ин муддат Қонуни асосӣ аз имтиҳони ҷиддии ҳаётан муҳим гузашт. Таҳияи лоиҳаи Конститутсияи амалкунанда раванди дуру дароз ва пур аз ихтилофро аз сар гузаронидааст. Новобаста аз вазъи ногувори сиёсӣ ва иқтисодӣ намояндагони халқ тавонистанд фикру андешаҳои неруҳо ва созмону иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва бевосита ормонҳои мардумро дар лоиҳа инъикос намуда, рисолати таърихиашонро баҳри рушду нумуи кишвар дар назди ҷомеа ва наслҳои оянда иҷро намоянд.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун маҷмӯи комили принсипҳои ҷомеаи демократӣ аз ҷониби созмонҳои обрӯманди байналмиллалӣ эътироф гардид.
Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки ба шарофати шуҷоати сиёсии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва маърифати баланди ҳуқуқии мардуми шарафманд ва сулҳдӯсту тамаддунофари тоҷикон ҳамчун санади тақдирсози таърихӣ қабул гардидааст, истиқлолияти давлатии моро аз лиҳози ҳуқуқӣ расмӣ гардонид ва Тоҷикистонро ба оламиён ҳамчун давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбунёд, демокративу дунявӣ ва пешбарандаи сиёсати сулҳҷӯёна муаррифӣ намуд.
Қобили зикр, аст, ки сохти давлатдории имрӯзаи давлати соҳибистиқлоли мо, амнияту осоиштагии ин сарзамин, муносибатҳои дипломатӣ бо давлатҳои гуногуни дунё ва сатҳи некӯаҳволии аҳолӣ маҳз тавассути Конститутсияи сарнавиштсози мо танзим карда шудааст. Вақте аз мазмуну моҳияти Конститутсия аз наздик ошно мешавем, месазад, ки бори дигар ба ақлу заковати ояндабинона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат таҳсинҳо бигӯем. Зеро ин қонуни асосии мамлакат санади олии ҳуқуқие аст, ки зиндагии шоистаи мардум ва ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Тоҷикистонро кафолат медиҳад.
Воқеан дар ҷомеаи мутамаддин, ки таъмини низоми одилона ва устувор дар пояи меъёрҳои ҳуқуқӣ татбиқ мешаванд, чунин низомро маҳз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳукми як санади асосӣ бо шинохт ва риояи меъёрҳои байналмиллалӣ рисолати воқеии худ қарор додааст. Он ба ҳукми Қонуни асосӣ тамоми самтҳои фаъолияти давлату давлатдориро танзим намуда, ҳуқуқу озодиҳо ва манфиатҳои шарвандонро зери ҳимоя гирифтааст. Муҳимтар аз ҳама, роҳнамоест барои дирузӯ имрӯзу фардои миллати мо. Чун бахтномаи сарнавиштсоз моро ҳифз намуд ва мебарад ба сӯи ояндаи неку дурахшони Тоҷикистони соҳибистиқлол. Бо эътимод метавон изҳор намуд, ки 30-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун ҷашни мубораки миллӣ ба густариши бештари худогоҳиву худшиносӣ, ваҳдати миллӣ, ҳисси ватандӯстиву ватанпарастӣ ва ифтихори ватандории ҳар фарди бонангу номуси Тоҷикистони соҳибистиқлол нерӯи тоза мебахшад.
Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати дурусти роҳи интихобкардаи Тоҷикистон, сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати мамлакат ва Сарвари хирадманди давлат Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаҷонибаи соҳаи маорифи мамлакат, аз ҷумла Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мушоҳида кардан мумкин аст.
Ҷомеаи меҳнатии донишгоҳ аз он ифтихор мекунанд, ки дастоварду муваффақиятҳои Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки таҳти сиёсати хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат ба даст омадааст, бо қабули Конститутсия вобастагии қавӣ дошта, устодон ва донишҷӯёни донишгоҳро водор месозад, то дар фазои сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ, тамоми қӯшиши худро барои ба таври шоиста пешвоз гирифтани ҷашни 30-солагии Конститутсияи давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба кишвари пешрафта мубаддал сохтани Ватани маҳбубамон равона созанд.
Ҳасанова Махфузахон , мутахассиси пешбари шуъбаи тарбияи
Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров