​Конститутсия-кафили зиндагии пурсаодати халқ ва пойдории давлат

Дар мавзуи “Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон-кафили зиндагии пурсаодати халқ ва пойдории давлат” дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайн хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Дар доираи ин иқдом аз тарафи донишҷӯёни курси 2 гурӯҳи 203 ихтисоси технология маърӯзаҳо шунида шуд.

Таъкид гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон кафили зиндагии пурсаодати халқ ва пойдории давлат ба ҳисоб рафта, сарчашмаи зиндагии пурсаодати халқ ва давлат эътироф гаштааст.

Қайд гардид, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонба панҷгонаи беҳтарин Конститутсия дар ҷаҳон шомил гардидааст, ки омили ифтихор мебошад.

Донишҷӯён оид ба қабули Конститутсия, ҳадафу мақсад, тавсифи бобҳо ва моддаҳои даҳлдор вобаста ба таҳсил ва меҳнат маълумот манзур намуда, аз рисолату вазифаи ҳар шаҳрванд дар самти эҳтиром ва арҷгузорӣ ба ин қонуни асосӣ таъкид намуданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ