​Конференсияи ҷумҳуриявӣ: Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ

Имрӯз, 29-уми ноябри соли 2023 дар факултети санъати тасвирӣ ва дизайни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалии таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология (таълими меҳнат) дар саноатикунонии кишвар” конференсияи ҷумҳуриявии илмӣ-амалӣ баргузор гардид.

Дар кори конференсия намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд, мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозӣ Раҳматзода Аюбҷон, ректори Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб ва устодону унвонҷӯён, магистартон ва дигар мутахассисони соҳа ширкат варзиданд.

Сарвари Донишгоҳ профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ифтитоҳ бахшида, зикр дошт, ки пас аз Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рушди ҳунарҳои халқӣ, нақшакашӣ ва дизайнэътироф гардид. Таъкид шуд, таваҷҷӯҳ ба ҳунар ва ҳунармандӣ, шаҳрсозӣ ва алоқамандӣ пайдо кардан ба технологияҳои навтарини касбу кори гуногун яке аз фазилатҳои сиёсати Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад, ки Пешвои миллат дар ҳамаи баромадҳояшон ба рушди бемайлони ин соҳаи бениҳоят арзишманд таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои боло бурдани завқи салиқаи ҷавонон дастуру супоришҳои мушаххас медиҳанд.

Мудири шуъбаи меъморӣ ва шаҳрсозии МИҲД вилояти Суғд Раҳматзода Аюбҷон, бо иқтибос аз суханронии Пешвои миллат иброз дошт, ки “Мо бояд дар зеҳну шуури насли наврас ва ҷавонони мамлакат ҳисси баланди миллӣ, эҳсоси худшиносиву ватандўстӣ, ахлоуи ҳамида, эҳтироми падару модар ва калонсолон, сабру таҳаммул, омўзиши илму дониш ва касбу ҳунарҳои муосир, меҳнатдўстӣ ва риояи волоияти қонунро тарбия намоем, то онҳо дар оянда ҳамчун фарзандони шоистаи мо кору пайкори насли имрўзаро идома бахшида, Ватани азизамонро ба ҷаҳониён муаррифӣ карда тавонанд”.

Дар идома дотсенти кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Салимбой Ҳасановдар мавзуи “Коркарди санг ва истифодаи он дар рушди саноатикунонии Ҷумҳурии Тоҷикистон”, муаллими калони кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ Абдулло Масолиев дар мавзуи “Саҳми Пешвои миллат дар рушди ҳунарҳои мардумӣ ва саноатикунонии босуръати Ҷумҳурии Тоҷикистон” маърӯза ироа намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки мақолаҳое, ки ба кумитаи тадорукоти конференсия ворид гардидаанд, актуалӣ буда, ба сифати китоби алоҳида ба нашр хоҳад расид. Конференсия кори худро дар панҷ бахш вобаста ба масъалаҳои мубрами назария ва амалияи фанҳои санъати тасвирӣ, нақшакашӣ, ҳунарҳои халқӣ ва технология дар саноатикунонии кишвар идома бахшид.

Дар бахшҳо зиёда аз 100 маърўзаҳои илмии олимону мутахассисони соҳа роҷеъ ба мавзуи зиршуда мавриди таҳлилу баррасии густурда қарор гирифтанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ