​Конференсияи илмӣ-анъанавии устодон дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ

Дирӯз дар кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ конференсияи илмӣ-анъанавии устодон бахшида ба 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф, эълон гардидани соли 2024 “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ва Рӯзи илми тоҷик баргузор гардид.

Дар бахши конфронс устодон дар мавзӯъҳои “Талаботҳои омода намудани гузоришҳои таълимӣ аз фанни расмкашӣ”, “Омодакунии мутахассисони касбӣ дар соҳаи санъати тасвирӣ”, “Эҳё ва рушди ҳунарҳои халқӣ дар раванди дарси ҳунарҳои мардумӣ”, “Баланд бардоштани қобилияти эҷодии донишҷӯён дар дарсҳои санъати тасвирӣ (тасвирҳои сиёҳмашқӣ)”, ”Аҳамияти тасвир дар ҳавои кушод дар манзаранигорӣ”, “Зарурати омӯхтани санъати наққошӣ барои ҳунармандони санъати ороишӣ-амалӣ”, “Ташаккули тарбияи зебопарастии донишҷӯён дар машғулиятҳои санъати тасвирӣ”, “Муаммоҳои рушди тафаккури бадеӣ ва эҷодӣ дар худинкишофёбии донишҷӯёни ихтисоси санъати тасвирӣ дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ”, “Муаммоҳо дар ташаккули шахсияти эҷодкор-омӯзгори ояндаи санъати тасвирӣ” маърӯзаҳо ироа намуданд.

Зимни баромад дар кори конфронс мавзӯъҳои пешниҳоднамудаи устодон бо саволу ҷавоб ва таклифу дархостҳо мавриди муҳокима қарор гирифт.

Дар фарҷоми конференсия мудири шуъбаи омодасозии кадрҳои илмӣ- педагогӣ дотсент Раҷабов Боҳир баромад намуда, дар сатҳи муайян баргузор намудани кофронс ва баромадҳои хуби устодон қаноатмандӣ изҳор намуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ