​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: маърӯзаҳои беҳтарин муайян шуданд

Бахши устодони конференсияи илмӣ-анъанавӣ дар кафедраи алгебра ва геометрияи факултети математика баргузор гардид. Мувофиқи барнома 8 нафар омӯзгорон бо маърӯзаҳои худ баромад намуданд.

Барои маърӯзаи беҳтарин таҳти унвони «Назарияи муқоисаҳо ва татбиқи онҳо дарҳалли масъалаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ» ҷои якум насиби муаллими калон Миршоев Абдушаҳид гардид.

Ҳамзамон, маърӯзаҳо дар мавзуи «Нормаҳои векторӣ дар матритса ва нормаҳои матритсавӣ» ва«Муҳимияти татбиқи муносибати босалоҳият ба таълим» беҳтарин дониста шуда, муаллифон сазовори мақоми намоён гардиданд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ