​Конференсияи илмӣ-анъанавӣ: баррасии робитаҳои маркетинг ва менеҷмент аз ҷониби донишҷӯён

Дар кафедраи идоракунии иқтисодиёт ва маркетинги факултети иқтисодӣ конференсияи илмӣ-анъанавии донишҷӯён баргузоргардид.

Конференсияро мудири кафедра, номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент Сатторова Манзура ифтитоҳ бахшида, аз аҳамияти он таъкид намуд.

Дар доираи ин иқдом дар мавзуъҳои “Таъсири муҳити беруна ва дохила ба раванди фаъолияти соҳибкорӣ”, “Амалинамоии стратегияи 4 миллӣ ва рушди соҳибкорӣ”, “Робитаҳои маркетингӣ”, “Маркетинг-омили баланд бардоштани рақобатпазирӣ”, “Идоракунии кормандон дар сохтори менеҷменти муосир” ва “Рушди устувори иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон: ташаккул ва муаммоҳо” маърӯзаҳо шунида шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ