​Конференсияи илмӣ-амалӣ: таҷлил аз 100 солагии Ҳамдам Очилов

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Самтҳои рушди илмҳои табиатшиносӣ: мушкилот ва дурнамои он дар Осиёи Марказӣ” ба ифтихори ҷашни садсолагии профессори факултети геоэкология ва туризми донишгоҳ, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Ҳамдам Очилов конференсияи минтақавии илмӣ-амалӣ доир гардид.

Дар кори конференсия муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ, намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд Мирзоғуфрон Ғафуров, Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона, устодону донишҷӯён ва дӯстону ҳамкорони шодравон Ҳамдам Очилов иштирок намуданд.

Муовини ректори донишгоҳ оид ба корҳои таълим профессор Раҳимов Абдуфаттоҳ коференсияро ифтитоҳ бахшида, аз саҳму хидмати Ҳамдам Очилов дар рушди илми табиатшиносӣ ва ҷуғрофия таъкид дошт.

Гуфта шуд, ки Ҳамдам Очилов дар тўли фаъолияти пурсамари хеш бо корномаҳои илмиву тадқиқотӣ, мақолаву асарҳои арзишманд, омода кардани кадрҳои соҳавӣ фаъолияти назаррас нишон дода, дар байни олимони табиатшинос-ҷуғрофидон, чун чеҳраи тобнок шахси эътирофшуда мебошанд, зеро осори нигоштаи эшон моҳияти баланди илмию таълимӣ доранд ва ба унвони корҳои намунавӣ китобҳои болоимизии устодону шогирдон ва олимони соҳаи табиатшиносию география мебошанд.

Таъкид гардид, ки Ҳамдам Очилов шахси соҳибистеъдоду соҳибмактаб, омӯзгор ва тарбиядиҳанда, мутахассиси бомаҳорати илми география буда, дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров шуъбаи географияро таъсис додаанд, ки аз хидмати мондагори марҳум унвон мешавад.

Дар идома сармутахассиси шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи Дастгоҳи Раиси вилояти Суѓд Ѓафуров Мирзоѓуфрон суханронӣ намуда, доир ба нақши Ҳамдам Очилов дар тарбияи кадрҳои лаёқатманд ибрози назар намуд.

Перомуни мавзӯи “Истифодаи ашъори адибон Садриддин Айнӣ ва Мирзо Турсунзода дар фаъолияти таълимӣ ва тарбиявии устод Ҳамдам Очилов” Шоири халқии Тоҷикистон Фарзона ва таҳти унвони “Дарвозаи Хуҷанд” ва омӯзиши геоморфологии он” доктори илмҳои геология –минералогия, профессор Садриддин Абдураҳимов маърӯзаҳо ироа намуданд.

Ҳамзамон, дар фарҷом хотироти ёру дӯстон ва пайвандону шогирдон шунида шуд.

Хотиррасон менамоем, ки Ҳамдам Очилов шуруъ аз соли 1951 то нафаси вопасин дар Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров фаъолияти густурда дошта, дар давраи фаъолияти беш аз 70-солаи кори худ мутахассисони зиёди унвондори соҳаҳои география, геология ва ҳифзи табиатро тайёр намудааст. Номбурда ҷиҳати омӯзиши табиату муҳити зисти Тоҷикистон саҳми назаррас дошта, муаллифи бештар аз 500 асару мақолаҳои илмӣ ва илмӣ-оммавӣ мебошанд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ