​Конференсияи илмӣ-амалӣ: “Коррупсия таҳдид ба рушди кишвар”

Дар толори раёсати Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи илмӣ-амалӣ таҳти унвони “Коррупсия таҳдид ба рушди кишвар” доир гардид.

Дар конференсияи мазкур ректори донишгоҳ профессор Аюб Усмонзода, Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода– подполковники адлия, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Маҳмудов Ҳотам Абдуллоевич – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва доираи васеи устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Ректори донишгоҳ иштирокчиёни конференсияро ба муносибати 20 солагии Рӯзи байналмилалии мубориза бар зидди коррупсия, ки ҳанӯз соли 2003 бо ташаббуси Маҷмааи кулли Созмони Милали Мутаҳренкид эълон гардида буд, табрик намуд.

Гуфта шуд, ки дар ҳамаи давру замон коррупсия ҳамчун падидаи манфии ҷомеа ва яке аз мушкилоти иҷтимоӣ маҳсуб ёфта, ба рушди устувори давлатдорӣ ва соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, фарҳанг ва ахлоқ зарари манфӣ мерасонад.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон коррупсияро зуҳуроти номатлуб номида, мавҷудияти онро омили коста шудани эътимоди мардум ба давлат ва коҳиш ёфтани обрӯву эътибори давлат арзёбӣ намудаанд. Воқеан коррупсия барои рушди иқтисодиёти пинҳонӣ ва истифодаи ғайримақсадноки маблағҳои давлативу ҷамъиятӣ шароит фароҳам меорад ва дар маҷмӯъ, боиси поймолшавии ҳуқуқи инсон ва заиф шудани пояҳои ахлоқии ҷомеа мегардад” – афзуд профессор Аюб Усмонзода.

Таъкид рафт, ки Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров барои татбиқи саривақтии сиёсати маорифпарварона ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон тадбирҳои саривақтӣ андешида, дар ин раванд корҳои муҳимеро ба сомон расонида истодааст. Аз ҷумла, баргузории конфронсу мизҳои мудаввар, вохӯриву мулоқотҳо, дарсҳои тарбиявӣ, озмуну чорабиниҳои гуногуни илмиву эҷодӣ ва нашри мақолаҳо дар воситаҳои ахбори умум аз татбиқи сиёсати зиддикоррупсионӣ дарак медиҳад.

Дар идома таҳти унвони “Нақши соҳаи маориф дар баланд бардоштани маърифати зиддикоррупсионии аҳолӣ” Каримӣ Ҳамза Ҳакимзода– подполковники адлия, сарнозири шуъбаи муқовимат ба коррупсияи Раёсати Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва Маҳмудов Ҳотам Абдуллоевич – намояндаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар мавзуи “Оид ба иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Стратегияи давлатии муқовимат ба коррупсия дар ҶумҳурииТоҷикистон барои давраи то соли 2030” маърӯза намуданд.

Зикр шуд, ки коррупсия яке аз монеаҳои ҷиддии рушди босуботи кишвар маҳсуб ёфта, боиси коҳиш ёфтани эътибору обрӯйи давлат дар арсаи байналмилалӣ ва норозигиҳои шаҳрвандон аз фаъолияти сохтору мақомоти давлатӣ мегардад.

Доир ба “Мубориза бо коррупсия – кафили ояндаи дурахшони кишвар” аз ҷониби Саидзода Диловар Абдулаҳад – номзади илмҳои сиёсӣ, муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ маърӯза ироа гардид.

Бо музокира миёни иштирокчиён конференсия ҳусни анҷом пазируфт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ