​Конференсияи илмӣ-амалӣ: Ёде аз устоди шодравон Холматов Ҳасанҷон

Бахшида 70-умин солгарди устоди зиндаёд шодравон Холматов Ҳасанҷондар Арт-галереяи “Монӣ”-и факултети санъати тасвирӣ ва дизайн конференсияи илмӣ-амалӣ баргузор гардид. Ин чорабинӣ аз тарафи кафедраи нақшакашӣ, геометрияи тасвирӣ ва методикаи таълим ташкил карда шуд.

Дар чорабинӣ донишҷӯёну устодон ва пайвандони устод Холматов Ҳасанҷон иштирок намуданд. Конференсияро декани факултет дотсент Ҷӯраева Хайриҷон ифтитоҳ намуда, аз хидматҳои устод Холматов таъкид намуд.

Дар доираи кори конференсия аз ҷониби устодон як қатор маърӯзаҳо шунида шуд.

Дотсент Ҳасанов Салимбой дар мавзӯи “Корҳои илмӣ-эҷодии Ҳасанҷон Холматов” баромад намуда, аз саҳми шодравон дар самти офариниши асарҳои илмӣ-эҷодӣ хотиррасон шуд.

Қисми бадеии чорабинӣ бошад бо иштироки аъзоёни маҳфили “Одоби ҳамида” бо роҳбарии дотсент Олов Саидмуҳаммад ба конференсия мазмуни бештар бахшид.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ