​Конференсияи байналмилалӣ: Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ

Имрӯз, 14-уми ноябри соли 2023 бо ибтикори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар толори театри мазҳака ва мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ бахшида ба 115-солагии зодрўзи Қаҳрамони Тоҷикистон, академик Бобоҷон Ғафуров конференсияи байналмилалӣ зери унвони “Масъалаҳои мубрами таърих ва фарҳанги Осиёи Марказӣ” баргузор гардид. Дар кори конференсия муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, президенти Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, академик Фарҳод Раҳимӣ, директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих, профессор Аликбер Аликберов, муовини ҳамин пажӯҳишгоҳ, номзади илмҳои таърих Наталья Романова ва доираи васеи олимони ватаниву хориҷӣ ширкат варзиданд.

Ректори Донишгоҳ, профессор Усмонзода Аюб Ислом ба кори конференсия ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки иқдоми мазкур дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вобаста ба арҷ гузоштан ба хизматҳои таърихии Қаҳрамони Тоҷикистон аллома Бобоҷон Ғафуров доир гардида, ҳар кадоми моро вазифадор менамояд, ки дар шинохт ва арҷ гузоштан ба хизматҳои шоистаи фарзандони сарсупурда ва фидокори миллат саҳмгузор бошем. Гуфта шуд, ки осори пурарзиши илмии академик Бобоҷон Ғафуров, хосатан китоби «Тоҷикон» беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрўзу оянда аст.

Бо иқтибос аз суханони Сарвари давлат таъкид рафт, ки: «Таърихи инсоният чунин шахсиятҳоро ба майдон меорад, ки онҳо на танҳо тамоми асрори ин ё он илмро кашф менамоянд, балки сарҳади онро вусъат мебахшанд, ганҷинаи онро ғанӣ мегардонанд. Бобоҷон Ғафуров дар радифи чунин шахсиятҳо қарор дорад ва дар меҳвари донишмандони машҳуртарини олам мақоми шоистаро ишғол менамояд”.

Даврон Зоҳидзода номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзодаро ба самъи иштирокдорон расонида, ривоҷу ташаккули таърихнигори воқеан илмии тоҷикро ба шахсияти академик Бобоҷон Ғафуров марбут дониста, ўро поягузори илми таърихнигории тоҷик дар қарни ХХ унвон намуд.

Дар идома академик Фарҳод Раҳимӣ маърӯза намуда, афзуд, ки арҷгузорӣ ва гиромидошти корномаҳои шахсиятҳои таърихӣ ва намояндагони номовари халқи тоҷик яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати маънавибунёди Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба шумор меравад. Зикр шуд, ки асари беназиру арзишмани “Тоҷикон”-и аллома Бобоҷон Ғафуров ҷиҳати арҷгузорӣ ба таъриху фарҳанги миллат, бедор намудани ҳисси ифтихори миллӣ, худогоҳӣ ва хештаншиносӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ нақши бисёр муҳим дар ташаккули тафаккури маънавӣ ва ахлоқии ҷавонон мегузорад.

Баъдан директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, доктори илмҳои таърих, профессор Аликбер Аликберов дар мавзуи “Академик Бобоҷон Ғафуров – падарсолори илми ховаршиносии шӯравӣ” маърӯза ироа намуд. Муовини директори Пажӯҳишгоҳи ховаршиносии Академияи илмҳои Федератсияи Россия, номзади илмҳои таърих Наталья Романова перомуни мавзуи мазкур ибрози назар намуда, асари “Тоҷикон”-и академик Бобоҷон Ғафуровро дар шинохти таърихи пурғановати тоҷикон дар асри ҷаҳонишавӣ ва бархурди тамаддунҳо бисёр муҳим маънидод намуд.

Ҳамчунин номзади илмҳои таърих, дотсент Шавкат Шарипов дар мавзуи “Хориқаи академик Бобоҷон Ғафуров бо забони ҳуҷҷатҳои бойгонӣ” маърӯза ироа намуд. Таъкид рафт, ки имрўз насли наврас, ҷавонон, тамоми мардуми кишвар ба худшиносӣ, худогоҳӣ, таҳкими ҳофизаи таърихӣ, эҳтиром ба мероси гузашта, кору пайкор ва осори фарзандони фарзонаи миллат беш аз пеш ниёз доранд. Корномаи илмии аллома Бобоҷон Ғафуров шоистаи таҳсин ва офарин аст, зеро осори пурарзиши илмии ў, хосатан китоби “Тоҷикон” беҳтарин мерос ва дарси сабақ ба насли имрўзу оянда аст.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ