Конференсияи байналмилалӣ: Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ

Санаи 17 ноябри соли 2023 бо иқдоми Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров таҳти унвони “Масъалаҳои мубрами суханшиносӣ дар ҳавзаҳои илмӣ ва адабии Осиёи Марказӣ” бахшида ба 70 солагии профессор Абдулманнони Насриддин дар Кохи Рӯдакии шаҳри Хуҷанд конференсияи байналмилалии илмӣ-назариявӣ доир гардид.

Дар кори конференсия муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Матлубахон Сатториён, Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Аюб Усмонзода ва доираи васеи олимону муҳаққиқони ватаниву хориҷӣ ширкат намуданд.

Ба кори ҳамоиш профессор Аюб Усмонзода ифтитоҳ бахшида, таъкид дошт, ки конференсияи мазкур ба муносибати 70 солагии яке аз чеҳраҳои намоёни адабиётшиносии муосири тоҷик, доктори илмҳои филологӣ, профессор, равоншод Абдулманнони Насриддин, ки фаъолияти асосии босамари илмиву тадқиқотии ў дар замони соҳибистиқлолӣ сурат гирифта, Пешвои муаззами миллат Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи маорифро дар соли аввали таъсисёбиаш ба ин олими соҳибмактаб сазовор донистанд, бахшида шудааст.

Матлуба Сатториён баромад намуда, афзуд, ки ба қадри меҳнати ин гуна шахсиятҳои намоёни илм Ҳукумати кишвар, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамоянд, ки ин аз муҳимтарин рукнҳо ва тадбирҳои асосии сиёсати хирадгароёнаи Сарвари давлат ба шумор меравад. Зикр шуд, ки мактаби илмии равоншод Абдулманнони Насриддин дар таҳқиқ ва пажуҳиши илми адабиётшиносӣ шоистаи таҳсину пайравӣ мебошад. Доманаи тадқиқоти профессор Абдулманнони Насриддин густурда буда, омўзиши масоили матншиносии осори адабӣ, таърихи адабиёти тоҷик, фарҳангу луғатшиносӣ, тазкиранигорӣ, тадқиқи ҳавзаи адабии Хуҷанди бостонӣ, таълиму тадриси фанҳои марбут ба филология ва дигар соҳаҳои илму маърифатро фаро мегирад.

Муовини Раиси вилояти Суғд Зайнура Азимӣ номаи табрикотии Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзодаро қироат намуда, иброз дошт, ки хидматҳои профессор Абдулманнони Насриддин дар такомули илму маориф, тарбия ва омода намудани кадрҳои болаёқати илмиву педагогӣ, саҳми шоиста дар омӯзишу пажӯҳиши таърихи адабиёти тоҷик басо назаррас мебошад.

Изҳори умед шуд, ки баргузории конференсияи илмӣ ва идомаи кори он дар бахшҳои ҷудогона дар кашфи саҳифаҳои тоза дар масоили филология дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва шинохти нақши профессор Абдулманнони Насриддин дар рушди адабиётшиносии тоҷик саҳми муассир мегузорад.

Дар доираи кори конференсия як қатор маърӯзаҳо шунида шуданд.

Аз ҷумла, таҳти унвони “Шукуфоии илму фарҳанги тоҷикон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон” Саъдуддин Кучатурк, профессори Донишгоҳи Анқара, дар мавзуи “Осори илмии Абдулманнони Насриддин ва масъалаҳои адабиётшиносии муосири тоҷик” Носирҷон Салимӣ, академики Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, дар мавзуи “Профессор Абдулманнони Насриддин – чеҳрае мондагор аз Хуҷанд” доктор Масъуд Ансорӣ, муҳаққиқ ва мутарҷими барҷастаи осори донишмандони тоҷик аз Ҷумҳурии исломии Эрон, дар мавзуи “Матншиноси соҳибмактаб” Олимҷон Давлатов, номзади илмҳои филологӣ, раиси Фонди байналмилалии Алишер Навоии Ҷумҳурии Ӯзбекистон маърӯзаҳои пурмуҳтаво ироа карданд.

Ҳамчунин профессор Абдунабӣ Сатторзода ва Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод бо хотираҳои нек аз марҳум Абдулманнони Насриддин ёд карданд.

Иттилоъ дода шуд, ки дар Донишгоҳ бахшида ба 70 солагии профессор Абдулманнони Насриддин маҷмуаи мақолаҳо, 6 китобу рисола, 2 маҷалла ва шумораи махсуси нашрияи “Нури маърифат” ба табъ расиданд.

Конференсияи мазкур давоми ду рӯз ба кори худ дар панҷ бахш идома бахшида, маҷмуан беш аз 160 маърӯза ироа ва ҷаласаи ҷамъбастии он 18 ноябр дар толори раёсати Донишгоҳ доир мегардад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ