​Конференсия: баррасии масоили мубрами иқтисоди миллӣ

Дар кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит конференсияи илмї -анъанавии устодон баргузоргардид.

Дар доираи конференсия 12 маърӯза шунида шуд, ки асосан масоили мубрами соҳаи иқтисодиёти миллиро фарогир буд.

Таъкид гардид, ки дар шароити гузариш ба иқтисодиёти ракамӣ бидуни илмҳои иқтисодӣ ба роҳ мондани фаъолияти пурсамари хоҷагӣ аз имкон берун аст. Махсусан шароити гузариш ба иқтисодиёти ракамӣ такмил додани низоми баҳисобгирӣ, ҳисоботи молиявӣ ва таҳлили комплексии он тақозо намуда, ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ намудани онҳоро талаб менамояд.

Иттилоъ дода шуд, ки маърӯзаҳо дар мавзуи “Истифодаи усулҳои иқтисодӣ – математикӣ дар таҳлили фаъолияти хоҷагидории корхонаҳо”, “Самаранокии иқтисодии истеҳсол, коркарди меваю ангур ва хусусияти баҳисобгирии он дар вилояти Суғд”, “Ташкил ва услуби гузаронидани аудити ташкилотҳои сайёҳӣ, ки бо фаъолияти иқтисодии хориҷӣ машғуланд”, “Асосҳои назариявӣ ва амалии баҳисобгирии идоравӣ”, “Ташаккули ҳисоботи идоракунӣ дар ташкилотҳоисохтмони манзил”, “Таҳлили даромаднокии дороиҳои ташкилот ва омилҳои тағирёбии он”, “Арзёбии шароитҳои институтсионалӣ оид ба беҳтар намудани соҳибкорӣ дар минтақа”, “Оид ба масъалаҳои рушди соҳаи тандурустӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон, “Хусусиятҳои баҳисобгирии воситаҳои асосӣ дар шароити муосир”, “Сармоягузорӣ барои ташаккули иқтисодиёти инноватсионӣ дар минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” ироа шуданд.

Баъд аз шунидани маърӯза миёни иштирокчиёни конференсия муҳокима сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ