​Китобхонаи илмӣ: Рӯзи дарҳои кушод бо иштироки масъулини раёсати донишгоҳ

Имрӯз дар Китобхонаи илмии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров бо иштироки намояндагони раёсати донишгоҳ рӯзи дарҳои кушод доир гардид.

Дар доираи ин иқдом масъулин бо китобҳои тозанашр, ки дар толори хониш ба намоиш гузошта шуда буд, шинос гардиданд.

Дилбар Самадова, директори китобхона доир ба шароит ва имкониятҳои китобхона маълумот дода, аз рушду пешрафти сатҳи хизматрасонӣ таъкид дошт.

Ҳамзамон, бо истифода аз муаррифӣ (презентация) доир ба сомонаи китобхонаи электронии донишгоҳ http://dlib.ksu.tj ва каталоги электронӣ http://kartoteka.ksu.tj иттилоъ манзур гардид.

Гуфта шуд, ки сомонаҳои мазкур барои истифодабарандагон ҷиҳати дарёфт ва дастрасии китоб имконияти мусоид фароҳам меорад. Зеро тавассути сомонаҳои мазкур метавон доир ба номгӯ, теъдод, мавҷудият ва муҳлати дастрасии китобҳо маълумоти муфассал пайдо намуд.

Феълан садорати Китобхонаи илмии донишгоҳ кӯшиш доранд, ки шакли электронии китобҳои мавҷуда низ дар сомона ҷой дода шуда, барои устодону донишҷӯён дастрасии китобҳо боз ҳам осон ва қулай гардад.

Хотиррасон менамоем, ки солҳои охир Китобхонаи илмии донишгоҳ чи аз лиҳози имконият ва чи аз лиҳози сатҳи хизматрасонӣ ба дастовардҳо ноил гардида, дар ин самт тадбирҳои судманд идома дорад, ки натиҷаи он афзоиши теъдоди аъзо ва муштариёни китобхона мебошад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ