​Камоли одамӣ аз илм бошад

Таҳти чунин унвон дар факултаи геоэкология ва туризм тибқи нақшаи чорабиниҳои илмии кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа маҳфили баргузор шуд. Дар чорабинии илмӣ декани факултет дотсент Аминов Муъмнҷон, мудири кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа профессор Атоев Атоулло, намояндаи раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ ва ҳайати профессорону омўзгорон ва донишҷўёни факултет ширкат варзиданд.

Бо маърўзаҳои илмӣ донишҷўён аз рўи масъалаҳои мафҳуми илм ва доираи ташаккулёбии марҳилаҳои илм аз нуқтаи назари фалсафӣ баромад намуданд. Дар лаҳзаи фароғатии чорабинӣ аз тарафи донишҷўён доир ба масъалаҳои инсонгароӣ ва садоқатмандӣ аз ғазалиёти шоирони классик шеърҳо қироат шуда, инчунин бо ташаббуси бевоситаи донишҷўён саҳначаи драмавӣ таҳти унвони “Аппологияи Суқрот дар дами марг” намоиш дода шуд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ