​Кафили зиндагии пурсаодати халқ ва пойдории давлат

Дар факултети иқтисодӣ низ дар мавзуи “Конститутсия - кафили зиндагии пурсаодати халқ ва пойдории давлат” хониши сиёсӣ баргузор шуд.

Таъкид гардид, ки баъди ба даст овардани Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳар сол дар кишвари соҳибистиқлоламон 6-уми ноябр ҳамчун Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сатҳи давлатдорӣ ва мутантан таҷлил карда мешавад. Зеро қонуни асосии кишвари мо кафили амнияти ҳар як сокини мамлакат маҳсуб ёфта, он инсонҳоро тимсоли шаҳкитоби раҳнамоест, ки бо қутбҳои он ба сӯйи ояндаи дурахшон раҳсипар менамояд.

“Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштаанд, ки Конститутсия ҳамчун дастоварди бузурги мардуми Тоҷикистон заминаҳои ҳуқуқии эъмори давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро фароҳам оварда, шакли олии ифодаи ҳуқуқии давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва ҳифзи ҳуқуқи ҳар як шаҳрванди мамлакат мебошад” – зикр шуд зимни ироаи маърузаҳо.

Гуфта шуд, ки Конститутсияи давлати тоҷикон яке аз беҳтарин конститутсияҳои ҷаҳон шинохта шуда, он ҳамчун бахтномаи миллат ва шоҳсутуни давлатдории миллӣ маҳсуб меёбад.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ