​Кафили субот ва рушди устувори давлат

Таҳти ин унвон дар факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ чорабинӣ доир гардид, ки дар он нуктаҳои муҳими Паёми Президенти мамлакат мавриди шарҳ қарор гирифт. Ба чорабинии мазкур магистрантон ҷалб гардиданд.

Декани факултети психология ва таҳсилоти томактабӣ Шарифиён Муқаддас оид ба аҳамияти Паём ва зарурияти омӯзиши он сухан намуд.

Ҳамзамон, сармуаллимаи кафедраи сиёсатшиносӣ Саркорбобоева ҷойгоҳи масоили маорифро дар Паём ба иштирокчиён тавзеҳ дод.

Таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат ба рушди соҳаи маориф ва таълиму тарбияи насли наврас ҳамеша аҳаммияти аввалиндараҷа медиҳад.

Гуфта шуд, ки тибқи дастури Роҳбари олии мамлакат, ки зимни ироаи Паём зикр гардид, дар панҷ соли минбаъда бояд беш аз 1000 иншооти соҳаи маориф дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот сохта, ба истифода супорида шавад.Дар даврони соҳибистиқлолӣ бунёди маорифи миллӣ ва ворид гардидан ба фазои таҳсилоти байналмилалӣ ҳадафи муҳимтарин ва самти афзалиятноки сиёсати иҷтимоии давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дода шуд. Зеро бунёди миллат аз маориф оғоз меёбад ва ғамхорӣ нисбат ба маориф – сармоягузорӣ барои рушди нерӯи инсонӣ ва ояндаи ободи давлат ва Ватан мебошад.

Ҳамзамон, миёни магистрантон суолу ҷавоб сурат гирифт.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ