​Қадршиносии профессор Замира Ғаффорӣ ва муаррифии ду китоби ӯ дар Ҳиндустон

Дар ҷаласаи ифтитоҳии Ҳамойиши байналмилалии “Тароҷими мутуни санскрит ба забони форсӣ”, ки санаҳои 29-30-юми ноябри соли 2023 дар Ҳиндустон баргузор гардид, ба профессор Замира Ғаффорӣ Лавҳи тақдир ва сипосномаи Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳиндустон супорида шуд, ки дар он чунин сабт шудааст:

“Хонум профессор Замира Ғаффорӣ меҳмони арҷманди мо яке аз нухбагон ва фарҳехтагон мебошанд, ки барои густаришу вусъати забон ва адаби форсӣ гомҳои муассир ва арзишманд бардошта, бо саъйи фаровон ва кӯшишҳои паёпай шамъи илму адабро равшан нигоҳ доштаанд. Таваҷҷуҳ ва алоқаи фавқулъодаи эшон на танҳо ба таҳия ва тартиби мутуни арзишманди форсӣ нишонгар ва нишонаест боарз аз ишқу муҳаббати бепоён ва фавқулъодаи ин хонуми донишманд ба забон ва адаби форсӣ. Шахсияти эшон барои ҳамаи дӯстдорони забон ва адаби форсӣ ҳам дар Тоҷикистон ва ҳам дар Ҳиндустон яке аз муҳаббатҳои Эзади муттаъол аст ва осори нафису гаронқадри эшон дар мавзуъҳои мухталиф ва мутанаввеъ як ганҷинаи илму дониш мебошад. Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи мазкур бо хонум профессор иртиботи қадимию танготангро доро мебошад. Ифтихор дорем, ки чандто таълифоти гаронқадр ва муҳаққиқонаи эшонро ба чоп расондаем.

Ба поси хидмати арзандаи профессор Замира Ғаффорӣ дар роҳи илму донишу фарҳанг ва интишору тарвиҷи кутуби форсӣ ва ба эътирофи кӯшишҳои барҷастаи он муҳаққиқи ҳақиқӣ ва донишпажӯҳ дар заминаи мутолиоту таҳқиқот ва ба сипоси заҳамоти фаровон дар тариқи тадрису омӯзиши забон ва адабиёти форсӣ ва пофишорию саъйи мутадовум ва мусалсали эшон дар роҳи густариши равобити фарҳангию илмию адабӣ байни Ҳинду Тоҷикистон ва ба муносибати қадам ранҷа фармудани эшон ба Маркази таҳқиқоти форсӣ барои ширкат дар Ҳамойиши байналмилалӣ ба таърихи 29 навамбари 2023 баробар ба 8 озармоҳи 1402 Лавҳи тақдир ва сипоснома ба хидмати он донишманди арҷманд ва устоди шукӯҳманди Тоҷикистон тақдим мегардад. Ҳамаи аъзои Маркази таҳқиқоти форсии Донишгоҳи Алигарҳи Ҳинд тавфиқи бешумори эшонро дар роҳи тарвиҷи забон ва адаби форсӣ бо дарозии умр ва сиҳҳату саломатии эшон аз даргоҳи Худованди муттаъол масолат менамояд”.

Дар ҳамин ҷаласаи бошукӯҳ ҳамчунин ду китоби профессор Замира Ғаффорӣ – “Ҳикмати ҷовидон” (Бҳагавад Гита. Дҳаммапада. Нитишатакам) ва “Панчатантра (тарҷумаи форсӣ маъруф ба “Панчакяна”) рӯнамойӣ шуд.

Ҳангоми супоридани Лавҳи тақдир ва сипоснома профессор Озармидухти Сафавӣ ҳангоми хондани маълумотнома дар бораи Замира Ғаффорӣ аз сарсухане, ки Сафири Ҷумҳурии Ҳиндустон дар Тоҷикистон ҷаноби Вираҷ Сингҳ ба китоби тозанашри “Панчатантра (тарҷумаи форсӣ маъруф ба “Панчакяна”), ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Ҳиндустон ба нашр расид, чунин иқтибос овард: “Ман ҳиндшиноси фарҳехта, профессор Замира Ғаффориро барои ба забони тоҷикӣ ба чоп омода намудани “Панчатантра” самимона табрик мекунам. Натиҷаи заҳматҳои бедареғи ин донишманди мумтоз аст, ки имрӯз ганҷинаи панду андарзи ҳиндӣ – “Панчатантра” дар шакли тарҷумаи тоҷикии он – “Панчакяна” ба мардуми тоҷик пешкаш мешавад. Профессор Замира Ғаффорӣ ҳиндшиноси номвар аст, ки тамоми фаъолияти илмии худро баҳри муаррифии дурдонаҳои нодири адабиёти Ҳинд ба мардуми тоҷик масраф намуда, ҳамчун пайвандгари фарҳангҳо ва мардумони ҳар ду кишвар дар таҳкими равобити амиқи Ҳиндустону Тоҷикистон дар соҳаи фарҳангу адабиёт саҳми шоиставу арзанда мегузорад”.

Р.S: Ҷомеаи меҳнатии Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров профессор Замира Ғаффориро бо чунин дастоварди бузурги илмии сатҳи байналмилалӣ самимона табрик мегӯянд ва дар фаъолияти минбаъдаи илмиву эҷодиашон тавфиқи пайваста таманно доранд.

Маркази иттилоот ва таҳлил

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ